Ярмаркаи маҳсулоти ниёзи мардум бахшида ба Соли нави мелодӣ

1417

Имрӯз (30.12.2020), ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ бо ташаббус ва ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар шафати бинои Вазорати корҳои дохилӣ ярмаркаи маводи хӯрока барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва таъмин намудан бо маҳсулоти арзону хушсифат бо иштироки хоҷагиҳои ёрирасон доир карда шуд.
Дар ярмаркаи мазкур хоҷагиҳои ёрирасон аз ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, инчунин дигар корхонаву ширкатҳои дохилӣ маҳсулоти худро бо нархҳои дастрас аз 30 то 40 фоиз нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш бароварданд.
Хоҷагиҳои ёрирасон дар ярмарка, ба харидорон 1 килограмм гушт – 30 то 35 сомонӣ, 1 килограмм биринҷ — 8 сомонӣ, пиёзу картошка як килограмм 1 сомонӣ ва дигар маҳсулоти хӯрока, аз қабили шалғам, сабзӣ, мевагиву маҳсулоти гуштиро бо нархҳои дастрас пешкаши харидорон намуданд.

1418

Бояд қайд кард, ки ҳамасола бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар арафаи ҳама гуна ҷашну чорабиниҳои идона барои ғанӣ гардонидани хони шаҳрвандон ва дастгирии кормандон чунин ярмаркаи молу маҳсулоти хӯрока баргузор карда мешавад.

Муродалӣ Саидзода

Мо дар Telegram