Ҷамолиддин Абдуллозода оиди эмгузаронии коронавирус дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон нишасти матбуоти солонаи ҳамаи корхонаву мақомотҳо идома доранд. Ва вазорати тандурустӣ истисно нест. Дар нишасти матбуотии ин мақомот Ҷамолиддин Абдуллозода оиди ҳолати коронавирус дар Тоҷикистон ва эмгузаронӣ шарҳ дод.

Вазир гуфт, ки тақрибан 6 миллион 714 шаҳрвандони Тоҷикистон эм мешаванд. Дар нақша ду навъ ваксина оварда ба шаҳрвандон гузаронда мешавад, ки яке аз он AstraZeneca  мебошад (1,8 млн) ва дигараш ваксинаи истеҳсоли Русия мебошад (5,8 млн). Дар ҳоли ҳозир ҳукумати Тоҷикистон бо Русия дар бораи хариду интиқоли ваксинаи Русия ба кишвар гуфтушунид мекунад.

Дар Тоҷикистон аз 10 январи соли 2021 инҷониб ягон ҳолати сироятшавии коронавирус қайд нашудааст.

Ҷамолиддин Абдуллозода оиди эмгузаронии коронавирус дар Тоҷикистон

З. Давлатзода: «Навруз-2021 дар Тоҷикистон бе тантана мегузарад»

Мо дар Telegram