Ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин китобхони соли 2020» дар РМЗҶМ ВКД

1191

Яке аз самтҳои асосии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин баланд бардоштани фарҳангу маънавиёти аҳолӣ ташкил медиҳад. Бо ин мақсад, тӯли ду сол мешавад, ки зери сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуда истодааст. Мақсад аз баргузор намудани озмуни мазкур ин баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла намояндагони касбу кори гуногун ва табақаҳои аҳолии кишвар мебошад.

Соли 2020 низ озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020 таҳти №АП-1339 дар сатҳи баланд ва тантанавӣ ташкил ва баргузор гардид.
Дар замина ва радифи ин озмун бо супориши бевоситаи роҳбариятм Вазорати корҳои дохилӣ дар Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун миёни кормандони марказҳо, шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ, инчунин Дастаи махсуси зудамали Раёсат зери унвони «Беҳтарин китобхони соли 2020» баргузор гардид.
Аз руйи натиҷаҳои баргузории озмуни «Беҳтарин китобхони соли 2020» аз байни кормандон -иштирокчиёни озмун 9 нафар кормандони Раёсат, ки ҳар кадоме воқеан зиёда аз панҷ китоби бадеии адабиёти классикӣ ва муосири форсу тоҷик, инчунин хориҷиро бо забонҳои тоҷикиву русӣ мутолиа ва мазмуну моҳияти онҳоро хуб дарк намудаанд, беҳтаринҳо интихоб гардиданд.

1192

Ғолибон, беҳтаринҳо ва дигар иштирокчиёни фаъоли озмуни мазкур, дар маҷмӯъ нуҳ нафар кормандони Раёсат аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ёвари сардори РМЗҶМ,
подполковники милитсия Юсуфзода Акмал

Мо дар Telegram