Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 2020

 

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 202015 январи соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидзода А. ва ҳайати васеи кормандон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар соли 2020 доир гардид.

Ҷаласаро Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, сипас ҳисоботи сардорони сарраёсатҳо, раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллию минтақавии Агентӣ оид ба корҳои дар соли сипаригардида анҷомдодаашон шунида шуд.

Минбаъд дар идомаи ҷаласа муҳокимаи натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти Агентӣ дар соли 2020 дар самтҳои назорати давлатии молиявӣ, муқовимат ба коррупсия, ошкору бақайдгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва таҳқиқу тафтиши пешакии онҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 2020

Дар охир бо назардошти натиҷаи ҷаласа ҳайати шахсӣ ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дигар супоришҳои соҳавӣ барои соли 2021 вазифадор карда шуданд.

           Маркази матбуоти Агентӣ.

Мо дар Telegram