Ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»

13.04.21.1

9 апрели соли 2021 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Хуҷаста бод, Истиқлол!», ки аз 2 то 9 апрел ҷараён дошт ба анҷом расид.

Дар ибтидо, дар саҳни донишкада намоиши китоб таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…», намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш ва фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр, хулосаи библиографӣ доир ба намоиш, қироати порчаҳои шеърӣ ва суҳбати кӯдакону наврасон бо адибон доир шуда, порчаҳо аз намоишномаи Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак» ва Сирки давлатии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуд.

Баргузории фестивали мазкурро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Сардори раёсати рушди муассисаҳои фархангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Нуралӣ Мирзоалиев ва Муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа таҳлил намуда, масъулинро ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир гардидани фестивали мазкур изҳори миннатдорӣ намуданд.

Сипас, як қатор мудирони китобхонаву китобдорони муассисаҳои таълимӣ ва хонандагони фаъол бо дипломи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

Ҳадафи асосии баргузории фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» ҳар сол бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар дар мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Мо дар Telegram