Ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи аввал дар раёсатҳои Кумита

Ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи аввал дар раёсатҳои Кумита

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва се раёсатҳои вилоятӣ натиҷаи фаъолияти семоҳаи аввали соли 2022 дар ниҳодҳо ҷамъбаст гардид.

Дар ҳамаи ҷаласаҳои баргузоршуда як қатор тамоюлҳои асосӣ, ки дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, корҳои таблиғотӣ, иҷрои қарорҳои ҷаласаи мушовараи Кумита, вазифаҳои татбиқи минбаъдаи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030», «Барномаҳои рушди КҲФ барои солҳои 2018-2022» ва вазифаҳои чорабиниҳои дарпешистодаи сол муайян карда шуданд.

 Маърузаи чонишинони сардорони раёсатҳо, сардорони раёсатҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд шунида шуд. Онҳо арқоми ниҳоии шумори ҳодисаҳо, шумори зарардидагон ва наҷотёфтагонро эълон карданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа вазифаҳои асосии Раёсатҳои КҲФ барои семоҳаи дуюми соли 2022 ба ин тартиб муайян карда шуданд:

— ташкил ва роҳандозии тадбирҳои пешгирикунанда бо мақсади коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва роҳ надодан ва марг ва осеб ёфтани одамон;

— татбиқи назорати иҷрои корҳои соҳилбандӣ;

— баланд бардоштани омодагиҳои касбии кормандони раёсатҳо;

— омодагиҳо ба мавсими оббозӣ, роҳандозии корҳои таблиғотӣ ва дидору мулоқотҳои омӯзанда миёни аҳолӣ.

барчасп: 
Мо дар Telegram