Ҷаласаи стипендиягирандагони президентӣ дар Тоҷикистон

Дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ҳамасола ҳамоиши ҷавонони барандаи Стипендияи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ва имсол 11 феврал низ дар бинои Осорхонаи миллиӣ барои солҳои 2020-2021 таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем!» баргузор гардид. Беш аз 140 нафар аз гушаю канори Тоҷикистон ҷамъомада иштирок намуданд.

Дар ин ҳамоиш директори Осорхонаи миллӣ
Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси Кумита Дилноза Аҳмадзода ва дигар масъулини соҳаи кор бо ҷавонон иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки алҳол шумораи гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 400 нафар ташкил медиҳанд ва дар солҳои 2021-2022 то ба 3 ҳазор мерасад.

Ҷаласаи стипендиягирандагони президентӣ дар Тоҷикистон

Ҷоизаи навбатии шоири тоҷик Карим Ҳайдар дар Русия

Мо дар Telegram