Ҷаласаи Шурои намояндагони ИДМ баргузор шуд

Ҷаласаи Шурои намояндагони доимии ИДМ дар шаҳри Минск бо иштироки намояндаи Тоҷикистон дар ИДМ ва сафири ҶТ дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод баргузор шуд. Ҷаласа дар штаб-квартираи ИДМ, ки дар шаҳри Минск ҷойгир аст, гузашт.
 Дар ин ҷамъомад иштирокчиён нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи Иҷроияи ИДМ, Шурои намояндагон ва Комиссияи Масъалаҳои иқтисодӣ оид ба татбиқи дастурҳо, қарорҳои содиротии Шурои сарони давлатҳоро аз 18 декабри соли 2020 ва Шурои вазирони корҳои хориҷиро аз 10 декабри соли 2020 тасдиқ намуданд.
Инчунин лоиҳаи нақшаи татбиқи ташабусҳои аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳои расмӣ гуфта шуда, бо ворид намудани иловаҳо ва коркарди механизми татбиқи чорабиниҳо, ва тасдиқи Харитаи роҳ дар ҷаласаи Шурои намояндагони доимии Комиссияи мақсадҳои иқтисодӣ масъалагузорӣ шуданд.
Ҳамаи пешниҳодҳои намояндагон дар лоиҳаи нақшаи кории сарони ҳукуматҳои ИДМ, ки 28 май дар шаҳри Минск баргузор мегардад, шомил карда мешаванд.
Хотиррасон менамоем, ки имсол Раиси ИДМ Ӯзбекистон мебошад.
Мо дар Telegram