Ҷаласаи сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ

Кишварҳои Осиёи Марказӣ, минтақае мебошад, ки метавонад дар баробари дигар макони ҷалби сайёҳон бо куҳу кӯлҳо ва табиату ҷоййҳои таърихиаш табдил гардад. Ба ин нигоҳ накарда ҳануз дар сатҳи минтақа ва кишварҳо алоҳидагӣ стратегияи махсус коркард нашудааст.

Баҳри рушди самти сайёҳи миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи раисони Кумитаҳои сайёҳӣ ҷаласаи онлайнӣ баргузор гардид, ки аз Тоҷикистон Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷуразода иштирок намуд.

Масъулони кумитаҳои сайёҳӣ дурнамои ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, бунёд намудани инфрасохторро роҳи ҳалли мушкилот донистанд.

Қайд карда шуд, Тоҷикистон дар соли 2020
тибқи назарсанҷии маҷаллаи байналмилалии бонуфузи «Lonely Planet», миёни 10 минтақаи беҳтарини саёҳат ва сафар ба Шоҳроҳи Абрешими Осиёи Марказӣ мақоми аввалро ишғол намудааст.

Дар ин ҷаласа инчунин Раиси Кумитаи саноати сайёҳии Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон Дастан Риспеков, муовини вазири фарҳанги Туркманистон Нурсахет Ширимов, муовини раиси Кумитаи давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Азамов, Директори департаменти сайёҳии Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон Самат Шатманов иштирок намуданд.

Мо дар Telegram