Ҷаласаи навбатии “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” доир гардид

Вазирони корҳои хориҷии 12 кишварҳои аъзои “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” дар ҷаласаи навбатӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии афғонистон Ашраф Ғанӣ баргузор гардид.

Ҳадафи конфронс мусоидат намудан барои  “Тақвияти ҷомеа барои сулҳ ва рушд”- и Афғонистон  буда, иштирокчиён фикру ақидаи худ ва саҳми кишварҳояшонро доир ба ин масъала иброз намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ зимни суханронии худ дар ин конфронс аҳамияти аамнияти минтақавиро барои кишварҳои ҳамсоя ва минтақа дар маҷмуъ қайд намуда, иброз доштанд, ки танҳо тавассути муколлама аз таҳдидҳои умумӣ озод шуда, ба мақсадҳо расидан мумкин аст. Инчунин президент нақши Афғонистонро дар ваҳдату сулҳи Тоҷикистон ва қабули гурезаҳо дар лаҳзаҳои вазнинтарин ёдовари намуданд ва гуфтанд, ки ”Мо ҳеҷ вақт фаромуш намекунем” ва саҳми беандозаи худро низ барои сулҳи Афғонистон мегузорем. Аз кишварҳои  аъзои конфронс низ барои ин ҳадаф кумак хостанд. 

«Биёед ба мардуми шарифи Афғонистон кумак кунем, то роҳ ба сӯи таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳ ва рушди ватани онҳо барояшон осону кӯтоҳтар шавад”- Э.Раҳмон

Конфронс бо қабули эъломия ба анҷом мерасад.
Дар кори ҳамоиши боз роҳбарони 16 созмони минтақавию байналмилалӣ дар шакли онлайн иштирок намуданд

Мо дар Telegram