Ҷаласаи Мушовараи ВКД оид ба ҷамъбасти фаъолияти солонаи 2020

520

Имрӯз (13.01.с.2021), дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи Мушовараи ВКД вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 бо иштироки муовини Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Шараф Ҷаббор, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, аъзои Мушовара, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, қайд кард, ки дар давоми соли 2020 тамоми ҳайати шахсӣ ва қувваю воситаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти таъмини амният, ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии шаҳрвандон, пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, ба хизмат сафарбар гардиданд. Доир ба муайян ва ошкор кардани ҷиноятҳо дар давраи сипаригардида аз ҷониби кормандони милитсия як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, ашхоси ҷиноятпеша ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар соли 2020 тамоми давлатҳои ҷаҳонро бемории сироятии нави коронавирус «СOVID-19» фаро гирифт. Он дар баробари зарар расонидан ба саломатии шаҳрвандон, ҳамчунин дар пешравии соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳон мушкилот пеш оварда, таъсири худро расонид.
Аммо новобаста ба мушкилоти пешомада, таҳти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари пешбурди самти фаъолият, ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус «COVID-2019» дар ҳудуди ҷумҳурӣ корҳои ташвиқотиву фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои безараргардониро роҳандозӣ намуданд.

521

Дар идомаи ҷаласаи Мушовараи ВКД вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2020 муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо муфассал баромад намуд.
Ҳамчунин дар рафти ҷаласа роҳбарони дигар ҷузъу томҳои мақомот баромад намуда, доир ба натиҷаҳои хизматӣ ҳисобот доданд.
Дар рафти ҷаласаи Мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ, Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро мавриди муҳокима қарор дода, ба тамоми сохторҳои мақомотҳои корҳои дохилӣ ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ошкор намудани ҷиноятҳои солҳои пешин, дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарор дошта, тартибу низом ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, таъмини амният, оромию осоиштагӣ, пешгирӣ аз содиршавии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Зикр гардид, ки ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳолӣ боз ҳам тақвият дода шуда, робитаи зич бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни ҷаласа муовини Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Шараф Ҷаббор баромад намуда, ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2020 баҳои баланд дода, саҳми арзандаи онҳоро дар таъмини амнияту субот ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ назаррас арзёбӣ намуд. Ҳамчунин барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои муҳимми сиёсии дар пешистода, аз ҷумла ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷумҳурӣ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар фаъолияти хизматиашон барору комёбиҳо таманно намуд.
Дар интиҳои ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, тозаю озода ва сабзу хуррам гардонидани муҳити зист, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ бо мақсади сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ дар байни аҳолӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

522523

Бо ҳамин ҷаласаи Мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 анҷом пазируфта, фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.

Мо дар Telegram