Ҷаласаи ИДМ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ

Агентии миллии Иттилоотии “Ховар» дар саҳифаи расмии худ  перомуни масъалаҳои  барраси мешударо дар Шурои иқтисодии ИДМ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ бо истинод ба матбуоти  иҷроияи ИДМ нашр намуд.

1. Дар бораи фаъолияти Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои узви Иттиҳод дар давраи 2010 — нимаи аввали соли 2020.
2. Дар бораи татбиқи Барномаи чаҳорчӯбаи ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи истифодаи осоиштаи нерӯи атом барои давраи то 2020 «СОТРУДНИЧЕСТВО»  “АТОМ — ИДМ «, ки бо Қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ аз 19 майи соли 2011 (2011-2020) қабул шудааст.
3. Дар бораи додани мақоми марказҳои тиҷоратикунонии инноватсияҳои давлатҳо — иштирокчиёни барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии давлатҳо — иштирокчиёни ИДМ дар давраи то 2030.
4. Дар бораи фаъолияти ташкилоти пойгоҳи давлатҳои аъзои ИДМ оид ба тайёр кардан, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургӣ, масолеҳшиносии муосир ва коркарди партовҳои саноатии Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии «MИСИС» (2018-2020).
5. Дар бораи Дурнамои истеҳсол, истеъмол, воридот ва содироти намудҳои муҳимтарини маҳсулоти кишварҳои узви ИДМ барои соли 2021.
6. Дар бораи рушди ҳамкорӣ байни давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи тиҷорати электронӣ.
7. Дар бораи рушди соҳаҳои илмӣ, техникӣ ва технологӣ дар кишварҳои узви ИДМ.
8. Дар бораи аз ҷониби давлатҳои узви ИДМ интиқол додани ҳиссаи онҳо ба буҷети ягонаи мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021.
9. Дар бораи сана ва лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ.
10. Дар бораи пешниҳодҳо оид ба таҷдиди Низомномаи Комиссияи масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ ва Қоидаҳои расмиёти Комиссияи масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ.
11. Дар бораи маблағгузории фаъолияти мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.

Ҷаласаи ИДМ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ

Шерали Кабир: бояд ру ба саноати сабук овард

Мо дар Telegram