Ҷаласаи Байнипарлумонии вакилони Осиёи Марказӣ дар шакли онлайн

Ҷаласаи баргузор гардида бештар мавзӯи экология, кишоварзӣ, захираҳои табии ва муҳити зистро фаро гирифт.

Тоҷикистонро дар ин ҷаласа раиси комиссияи экологии  Маҷлиси намояндагон Маҳмадраҳим Юсуфӣ ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода муаррифи намуданд, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Ба ғайр аз раисони комиссияи кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон боз намояндагони Вазорату идораҳои дахлдор ба муҳити зисти кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок варзиданд ва ҳамзамон масъули иҷрои Созишномаи Париж дар кишварҳо мебошанд.

Дар рафти ҷаласаи мазкур қайд карла шуд, ки Тоҷикистон яке аз кишвароне мебошад, ки дар пешниҳод ва дастгирии ташаббусҳои байналмилалӣ дар мавзӯи тағирёбии иқлим, самаранок истифодабарии оби ошомиданӣ (Об барои рушди устувор то соли 2030) пешсаф мебошад.

Хотиррасон мекунем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба наздикӣ боз як ташаббуси дигар оиди ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 пешниҳод намуданд.

Мо дар Telegram