Ҷаҳонишавӣ ва мазмуни ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ

«Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем».

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». Душанбе, 26 январи соли 2021

1033Ҷаҳонишавӣ – раванди таъсиррасони омилҳои байналмилалӣ, аз қабили робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ба ҳаёти иҷтимоии ҳар як кишвари алоҳида маҳсуб мебошад. Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ба раванди ҷаҳонишавӣ ворид гашта, дар шароити мураккаб ва пуртазоди ҷаҳонӣ саъй ва кӯшиш баҳри дифои манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти хеш равона намудааст. Дар ин самт мавқеъ ва кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси таҳсин ба дастгирии ҳамаҷониба мебошад, ки манофеи миллии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳимоя намуда, имиҷи сиёсии Тоҷикистонро боло мебардорад.
“Дар ин робита, мо ҳамкориро бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ, ҳамчунин, бо шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байналмилаливу минтақавӣ идома ва густариш медиҳем.
Соли ҷорӣ Тоҷикистон раёсатро дар сохторҳои бонуфузи минтақавӣ — Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба уҳда дорад. Имсол аз таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай бист сол сипарӣ мегардад. Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисони Созмони ҳамкории Шанхай аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтани он дар пешрафту такомули ин созмон саҳми босазо гузошта истодааст» — иброз намуданд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021-ум.
Яке аз омилҳои пурзури ҷаҳонишавӣ ин омили иқтисодӣ ба шумор меравад, ки тавассути ширкатҳои фаромарзӣ манофеи худро дар ин он кишвар ворид карда, онҳоро тадриҷан зери тасарруфи худ қарор медиҳанд. Аввалин маротиба ғояи ҷаҳонишавӣ аз ҷониби асосгузори «Клуби Рим» А.Печчеи соли 1968 пешниҳод гаштааст.
Ҷаҳонишавӣ – раванди сиёсии наздиккунандаи миллат ва халқҳо буда, байни онҳо тадриҷан сарҳадҳоро шуста, ба як системаи сиёсии ягона табдил меёбанд. Аз нимаи дуюми асри ХХ ва бахусус даҳсолаҳои охир майлонҳои ҷаҳонишавӣ рӯ ба афзоиш ёфта, ба ҷомеа таъсири амиқ гузошта истодаанд. Таърихи миллӣ ва минтақавӣ мазмун ва моҳияти иҷтимоии худро гум карда истодаанд.
Дар тарҳҳои сиёсӣ паймон ва аҳдномаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ аз қабили НАТО, САҲА, Парлумони Аврупо, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва ғайра мавҷуд мебошанд, ки ҳар яки онҳо ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбии худро соҳиб мебошанд. Баъд аз байнравии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Шартномаи Варшава, ки байни кишварҳои собиқи сотсиалистӣ мавҷуд буд, барҳам хурд. Паймони НАТО дар шароити муосир бузургтарин паймони ҳарбӣ ба шумор меравад ва сол то сол нуфузи он дар миқёси ҷаҳон меафзояд. Имрӯз Паймони НАТО-ро дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон дидан мумкин аст, аз ҷумла дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон. Чанд сол пеш аз ин паймони мазкур дар Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ мавқеи бонуфуз дошт. Ба Барномаҳои сулҳомези НАТО аксари кишварҳо, аз ҷумла Россия бо Тоҷикистон низ шомил буданд. НАТО ҳамчун Паймони ҳарбӣ мавқеъ ва нуфузи стратегии ИМА ва кишварҳои Аврупоро дар ин ва он минтақаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Аз рӯи иттилооти расонаҳои ахбори оммаи Россия баъди ба Афғонистон ворид шудани НАТО истеҳсол ва гардиши маводи мухаддир мутаассифона дар ин кишвар боло рафта, ба хатари глобалӣ табдил ёфтааст.
Дар қатори Паймонҳои ҳарбӣ ва иқтисодӣ, паймон ва соз-монҳои ҷаҳонӣ аз қабили CММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, Парлу-мони Аврупо, Комиссияи Аврупо, Интерпол дар раванди ҷаҳони-шавӣ саҳмгузор мебошанд.
То аз байн рафтани «ҷанги сард» дар солҳои 80-уми асри 20 ҷаҳон ба ду қутб, ИҶШС ва ИМА тақсим шуда буд, дар ҷаҳони имрӯза бошад ИМА худро авангарди мубориза бар зидди терро-ризми байналмилалӣ эълон намудааст. Дар эътилофи муборизаи терроризми байналмилалӣ ИМА-ро аксар кишварҳои Ғарб ва Шарқ дастгирӣ менамоянд, вале он ҷиҳат боиси нигаронӣ аст, ки рӯз то рӯз терроризм дар ину он кишварҳои дунё авҷ мегирад.
Ба ақидаи таҳлилгари Россия Овчинский В.С. усулҳои муборизаро бар зидди исён ва терроризмро мо имрӯзҳо бе таъсири ҷаҳонишавӣ, аз ҷумла бӯҳрони иқтисодӣ пешбинӣ карда наметавонем. Мо медонем, ки пешбиниҳои иқтисоди ҷаҳонӣ доимо дар ин самт боиси ташвиш мебошанд ва терроризм маҳз аз ин нyқтаи назар бошиддат авҷ мегирад.
Дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиноятҳои доираи ху-сусияти иқтисодӣ, коррупсия, самти терроризм ва экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ боиси изтироб ва таваҷҷуҳи хос мебошанд. Дар маросими имзошавии Конвенсияи CММ бар зидди ҷиноятҳои муташаккил 12-уми декабри соли 2000-ум дар шаҳри Палермои давлати Италия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ ба истиқлолияти миллӣ, бахусус давлатҳои ҷавони соҳибихтиёр рӯирост таҳдид намуда, душмани демократия ва давлати ҳуқуқбунёд ба шумор мераванд».
Ҷинояткории фаромиллӣ ҳамчун мазмӯи ҷиноятҳои муташаккил, коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм, экстремизм, одамрабоӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва амсоли инро дар бар гирифта, ба пешрафти натанҳо давлати алоҳида, балки кулли давлатҳо таҳдид менамоянд. Вобаста ба ин аз ҷониби Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 Прокуратураи генералӣ вазифадор карда шуд, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025»–ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд.
Агар аз лиҳози сиёсӣ ба онҳо назар афканем, онҳо ба ҷаҳоншавии равандҳои сиёсӣ робитаи зич доранд. Аз рӯи таҳлилҳои муҳаққиқи тоҷик Холиқов А.Г. чунин намудҳои таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ вуҷуд доранд:
1. Ғарбикунонии қонунгузорӣ. Ба он бетафовут аст, ки бо кадом модел ислоҳоти ҳуқуқӣ дар кишварҳои қафомонда гузаронида мешавад (англо-америкоӣ, романно-олмонӣ, континенталии муосир ва ё дигар).
2. «Ихроҷи ақлҳо». Аз давраи соли 1994 то соли 2007 ба мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ 9710 шаҳрванди ҷавон дохил шудаанд. Ин рақамҳо моро ба андешаи «Идеологияи ояндаи ҷомеаи тоҷик» водор менамояд.
3. Фаъолнокшавии исломи сиёсӣ ва аз ҳад зиёд шудани ғарбикунонии сиёсат. Аз рақамҳои номбаршуда яъне 9710 донишҷӯ, 1400 нафари он таҳсилро дар мактабҳои олии исломӣ мегузаранд (маълумоти аввали солҳои 2000-ум).
Муҳаққиқ Петраш Ю.Г. дар асари худ «Ислом, пайдоиш, таълимоти динӣ ва давраи муосир» менависад: «Асрҳо сипарӣ шудаанд. Тамаддун ба таври пурра бархурди халқҳоро аз рӯи бадбинии динӣ мӯътадил гардонид, гарчанде боқимондаҳои он дар як қатор кишварҳо аз қабили Ирландия, Косово, Покистон, Ҳиндустон, Фаластин ва дигарон ба назар мерасанд. Лекин ба ин ислом чӣ муносибат дорад?» — мепурсанд аз ман. Дар ҳақиқат терроризм на ватан на миллат, на мазмуни муайяни динӣ дорад, вай маҷмӯи зиёди унсурҳои иҷтимоӣ – маънавӣ, аз қабили ғояҳои сиёсӣ, нофаҳмиҳои таълимоти динӣ, нажодпарастӣ, этносентризм, миллатчигӣ, панисломизм, ифротгароӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Пас мо инкор карда наметавонем, ки терроризм барои мақсадҳои ғаразноки худ майлонҳои дини исломро ҳам истифода мебарад ва ин танҳо ба ифротгарони мусулмонӣ тааллуқ надорад».
Терроризм дар байни аҳолӣ ваҳму таҳлука паҳн намуда, мутаассифона таҳдиди ба ном «ҷиҳод» мавқеи глобалӣ пайдо намудааст.
Аз рӯи ақидаи таҳлилгари Россия М.Калашников агар ИМА ва эътилофи зиддитеррористӣ қӯшунҳои худро дар оянда аз қаламрави Афғонистон бароранд ҳам, он гоҳ Толибон қувва пайдо менамоянд, ки бо собиқ ҳарифони маҳаллии худ – Эътилофи шимол, ки онро асосан тоҷикон ташкил медиҳанд, муборизаро шиддатнок карда, онҳоро пахш намуда, ба сарҳадҳои шимолии Осиёи Марказӣ гузаранд, ки аз лиҳози ҷуғрофӣ ба заминҳои ҳосилхез ва оби тоза таъмин аст.
Аз рӯи дигар ақидаҳои таҳлилгари Россия Степанов О.А. аз рӯи маълумоти кишварҳои Ғарб ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ соз-монҳои террористӣ имкониятҳои Интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро ба таври фаъол истифода мебаранд. Дар корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯие, ки дар Қазоқистон гузаронида шудаанд, муайян гардид, ки аз имкониятҳои интернетӣ созмони террористии «Ҷамоати муҷоҳидони Осиёи Марказӣ», «Ҳаракатҳои исломии Ӯзбекистон» ба таври фаъол истифода бурда, асосан ноболиғону ҷавононро ба сӯи худ бо роҳи «коркарди психологӣ» ҷалб карданӣ мешаванд. Дар Ҷумҳурии Қирғизистон низ вазъият ба он монанд мебошад, ки дар ин ҷо низ ячейкаҳои созмонҳои ифротгароӣ пинҳонӣ амал менамоянд, гарчанд, ки Суди Олии Қирғизистон, Раёсати корҳои динӣ, мақомотҳои қудратӣ тадбирҳои профилактикӣ меандешанд. Дар Қирғизистон дар солҳои 80-уми асри ХХ гурӯҳи «Акромия», аз «Ҳизб–ут–таҳрир» ҷудо шуда, амал менамоянд, аз соли 1999 «Ҳизб–он-нусра» (ҳизби зафар), низ аз «Хизб-ут-таҳрир» ҷудо шудааст. Ба ин қатор гурӯҳи тарафдори Ваҳоббиён низ ворид шудаанд. Солҳои охир кишварҳои Араб мавқеи худро дар кишварҳои Қазоқистон ва Қирғизистон васеъ намуда, ба ҷои муҳоҷирати Россия шабакаи нави муҳоҷират ба кишварҳои арабӣ пешниҳод намуда истодааст.
Ҳамин тавр, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки раванди ҷаҳонишавӣ ба мазмун, мундариҷа ва моҳияти ҷиноятҳои фаро-миллӣ таъсири бевоситаи худро мерасонанд, бинобар ин корман-дони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро лозим аст, ки аз ин равандҳои глобалӣ ҳамеша воқиф бошанд ва дар самти пешгирии ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ба амну суботи кишвар, минтақа ва кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намоянд.

Асламов Б.С., Ҳалимзода Д.О., таҳлилгарони муносибатҳои байнал-милалӣ

Мо дар Telegram