Иттилоъ оид ба ҷаласаи маҷозии Комиссияи доимии АП СААД оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ

Иттилоъ оид ба  ҷаласаи маҷозии Комиссияи доимии АП СААД оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ2 марти соли 2021 ҷаласаи маҷозии Комиссияи доимии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (АП СААД) оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар кори он аъзои Комиссияи доимӣ аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирѓизистон, Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва гурӯҳи коршиносони сиёсӣ иштирок намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод ва узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститусионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Низом Қосим намояндагӣ карданд.

Дар рафти ҷаласа як қатор масъалаҳо, аз ҷумла дар бораи интихоби муовини раиси Комиссияи АП СААД оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, афзалиятҳои раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД дар соли 2021, натиҷаҳои иҷлосияи  декабрии соли 2020-и Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ва рафти эътибор пайдо намудани шартномаҳои дар чаҳорчӯбаи СААД баимзорасида, ҳолат ва самтҳои рушди вазъияти сиёсӣ дар минтақаҳои масъулияти СААД ва ҳудудҳои ҳаммарзи он, чорабиниҳо доир ба ташаккули системаи амнияти дастаҷамъӣ ва таъминоти ҳуқуқии он, вақт ва макони баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи доимӣ ва рӯзномаи пешакии он ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Доир ба масъалаҳои баррасигардида маърӯзаҳо шунида шуда, баъди мулоҳизарониҳо доир ба ҳар як кадоми онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Пешниҳод гардид, ки раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод муовини раиси Комиссияи АП СААД оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмиллалӣ интихоб карда шавад. Иштирокчиёни ҷаласа пешниҳоди мазкурро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Ҷаласаи зикргардида дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоду боварӣ ба якдигар доир гардида, санадҳои қабулгардида дар доираи манфиатҳои миллӣ мусбат арзёбӣ мегарданд.

Мо дар Telegram