«Истиқлол» – ғолиби Париматч – Суперҷоми Тоҷикистон-2021!

Дар бозӣ барои Париматч – Суперҷоми Тоҷикистон-2021 дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 2 бар 0 “Равшан”-и Кӯлобро мағлуб сохта, бори даҳум барандаи Ҷоми мазкур гардид. Голҳои ғолибияти дастаи поётахтро легионери нидерландӣ Ҳусейн Доған ва капитани даста Алишер Ҷалилов ба самар расонданд.

Вохӯрӣ рӯзи 3-юми апрел, дар Варзишгоҳи амарказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд.

Ба ин тартиб, “Истиқлол” барандаи даҳкаратаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд. Қаблан дастаи футболи пойтахт солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019 ва 2020 Суперҷоми Тоҷикистонро соҳиб шудаст.

Дар маросими ҷоизасупорӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов ва директори генералии ширкати “Париматч-Тоҷикистон” Абдусаттор Ҳасанов иштирок намуданд.

 

Париматч – Суперҷоми Тоҷикистон-2021

«Истиқлол» – «Равшан» – 2:0

Голҳо: Ҳусейн Доған, 56 (1:0). Алишер Ҷалилов, 60 (2:0).

«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Манучеҳр Сафаров, Андрей Мишенко, Алексей Ларин, Муҳаммадҷон Раҳимов (Ваҳдат Ҳанонов, 83), Аҳтам Назаров (Зоир Ҷӯрабоев, 46), Нуриддин Давронов, Рёта Нома (Шаҳром Сулаймонов, 83), Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған (Рустам Соиров, 83), Манучехр Ҷалилов (Салам Ашӯрмамадов, 87).

«Равшан» (Кӯлоб): Рустам Ризоев, Сафаралӣ Каримов, Далер Шомуродов, Ҳасан Рустамов, Эффах Кингслей Осей (Зокирҷон Абдулхайров, 73), Холмурод Назаров, Нодирбек Ибрагимов (Шодиҷон Муродов, 62), Бунёд Шодиев (Абдураҳмон Нозимов, 73), Кароматулло Саидов (Амирҷони Фаррухзод, 62), Анвар Муродов (Наврӯз Рустамов, 62), Аваз Қамчинов.

Огоҳонида шуданд: Алишер Ҷалилов, Манучеҳр Ҷалилов, Ваҳдат Ҳанонов, Зоир Ҷӯрабоев («Истиқлол»), Наврӯз Рустамов («Равшан»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ҳусейн Доған («Истиқлол»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Нозири доварон: Рустам Абдуллоев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Беҳрӯз Айниддинзода (Бохтар).

3 апреля. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 5500 тамошобин.

Мо дар Telegram