Истеҳсоли ваксинаи «Спутник V» дар Ӯзбекистон

Истеҳсоли аввалин ваксинаи бар зидди Covid-19 ки дар Россия бо номи «Спутник V» ихтиро шуд, марҳила ба марҳила дар дигар кишварҳо низ тибқи созишномаи дуҷониба истеҳсол шуда истодааст. Аввалин кишвари хориҷӣ ин Қазоқистон буд, ки расман ин ваксинаро дар қаламрави худ ба қайд гирифта истеҳсол намуда истодааст.

Оиди ба роҳ мондани истеҳсоли «Спутник V» бо Ӯзбекистон алҳол баррасӣ шуда истодааст ва баъд аз гуфтушунид бо ҳайати вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон маълум хоҳад шуд. Ин масъаларо вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров баъд аз мулоқот бо Абдулазиз Комилов гуфт бо истинод ба РИА Новости хабар дод.

Ӯзбекистон рӯзи гузашта аз ихтирои ваксинаи муштарак бо Хитой бо номи ZF-UZ-VAC 2001 хабар дод. Дар Ӯзбекистон эмгузаронӣ аллакай шуруъ шудааст ва дар навбати аввал қишрҳои осебпазири ҷомеа гузаронида мешаванд.

Истеҳсоли ваксинаи "Спутник V" дар Ӯзбекистон

Ҳушдории СУТ оиди афзудани шумораи беморони коронавирус

Мо дар Telegram