Искандар Ҷалилов дар вақти тамрини мунтахаби Тоҷикистон осеби ҷиддӣ бардошт

Муҳофизатгари 28-солаи “Истиқлол”-и Душанбе ва мунтахаби миллии Тоҷикистон Искандар Ҷалилов ҳангоми тамрини мунтахаби миллии кишвар дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ осеби ҷиддӣ бардошт.

Искандар Ҷалилов аз варзишгоҳ фавран ба Маркази миллии тиббии “Шифобахш” оварда шуд. Ба гуфтаи духтури мунтахаби миллии Тоҷикистон Фаррух Авезов, ба футболбоз ташхиси тоб хӯрда ба берун баромадан ва шикастани устӯхони сеюми поёнии банди пой аз тарафи пеш гузошта шудааст, ки муҳлати барқароршавӣ аз 4 то 5 моҳро дар бар мегирад.

Тими миллии Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев ба Искандар Ҷалилов сиҳатёбии комил ва ҳарчи зудтар ба майдон бозгаштанро хоҳиш мекунад.

Мо дар Telegram