Иштироки омӯзгорони Академияи ВКД дар семинар-машварат дар мавзӯи “Рафти ба тавсиб расонидани протоколи маъмурӣ ва баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ”

Akademiy

Оид ба иҷроиш ва баҳри амалисозии нақша чорабиниҳои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 22-юми январи соли 2021 семинар-машварат дар мавзӯи “Рафти ба тавсиб расонидани протоколи маъмурӣ ва баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” баргузор гардид, ки дар семинар-машварати мазкур аз Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори факултети№5 майори милитсия Нуруллозода М., дар мавзӯи “Омӯзиши кодекси мурофиавии маъмури Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сардори кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор капитани милитсия Шарофзода Ф.А., “Омӯзиши қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор” муаллими калони кафедраи ҳуқуқ маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ майори милитсия Ғафурзода Д., дар мавзӯи “Амали қонунгузории маъмурӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор дар солҳои 1928 ва 1929” баромад намуданд.
Баъд аз баромад намудани маърӯзачиҳо аз тарафи кормандон ва роҳбарияти СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд саволҳо дода ба саволҳои худ ҷавоби мушахас гирифтанд.Дар охири семинар-машварат аз ҷониби роҳбарияти СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо хотири ҳамкори судманд ба роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва ба маърӯзачиён минадории худро баён намуданд.

Убайдуллоев Ш.Э., Сафарова С.

Мо дар Telegram