Иштироки курсантони Коллеҷи оташнишонӣ -техникии ВКД дар чорабинии варзишӣ

1726

Новобаста ба давру замон варзиш яке аз шуғлҳои асосии одамон ба шумор меравад ва доимо такмил меёбад, зеро беҳуда нагуфтаанд: «Варзиш гарави саломатист». Дарвоқеъ варзиш намудан, баданро обутоб додан барои саломатии инсон аҳамияти муҳим дошта, яке аз сабабҳои асосии тандурустӣ ва саломатии ҳар як шахс мебошад. Ҳамин аст, ки роҳбарияти ВКД ба масъалаи тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои омодагии руҳию равонии онҳо тамоми шароитҳоро дар тамоми ҷузъу томҳо барои ба варзиш машғул шудан фароҳам овардааст.
Вобаста ба ин дар партави чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолити давлатии Чумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси Фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №406 аз 30 марти соли 2021 “Дар бораи гузаронидани мусобиқаи маҳорати варзишӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишони-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара” аз ҳисоби курсантони Коллеҷ дастаи варзишгарон таъсис дода шудааст.
Дар асоси фармоиши мазкур дар «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» нақшаи иловагӣ тартиб дода шуда, тибқи иҷрои нақшаи мазкур мунтазам дар Коллеҷ бо ҳайати дастаи варзишгарон дар руҳияи ватандӯстиву ҳимояи марзу буми кишвар, машғулиятҳои таълимӣ-варзишӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа гузаронида мешавад. Санаи 3 апрели соли 2021 дар қисми низомии 3502-и Раёсати қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии мазкур байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки курсантони Коллеҷ низ ба ин мусобиқа сафарбар карда шуданд.
Дар мусобиқаи маҳорати варзишӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ташкил ва гузаронида шудааст, ҳайати дастаи варзишгарони муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара» фаъолона иштирок намуда, маҳорати худро дар 9 намудҳои варзишӣ, аз қабили ҳаво додани норинҷак (700гр), гуштини миллӣ, давидан ба масофаи 100 метр, турниккашӣ, ҷаҳидан ба дарозӣ, вазнбардорӣ бо грифи 24кг, қаду рост кардани дастон (отжимания) ва эстафетаи даставӣ ҷойҳои якумро ишғол намудаанд. Дар натиҷаи ҷамъбасти холҳои дастаҳо ҳайати варзишгарони Коллеҷ бо ишғол кардани ҷойи якум ба шоҳҷоизаи мусобиқа сазовор гардид.
Аъзоёни дастаи варзишгарони «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар намудҳои гуногуни варзишӣ бо нишон додани маҳорати баланди варзишӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ бо фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №442 аз 3 апрели соли 2021 бо чунин ҷоизаҳо сазовор дониста шудаанд.
Аз ҷумла бо:
-Шоҳҷоиза (кубок) барои гирифтани ҷойи якум ба сардори даста лейтенанти калони хизмати дохилӣ Шарифзода Ҷаҳонгир Тағоймурод — муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва тарбиявӣ-сиёсии Коллеҷ;
-дипломи дараҷаи 1 ба қатории хизмати дохилӣ Сафаров Зарафҷон Шарафҷонович-курсанти курси 2-юми Коллеҷ барои гирифтани ҷойи 1-ум дар намуди варзиши “Турниккашӣ”;
-дипломи дараҷаи 1 ба сержанти хурди хизмати дохилӣ Ҳалимов Сафармуҳаммад Фаррухович-курсанти курси 2-юми Коллеҷ барои гирифтани ҷойи 1-ум дар намуди “Ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани силоҳи оташфишони тамғаи автомат-Калашников”;
-дипломи дараҷаи 1 ба қатории хизмати дохилӣ Абдуназаров Сайфиддин Мамараҳимович-курсанти курси 2-юми Коллеҷ барои гирифтани ҷойи 1-ум дар намуди варзиши “Вазнбардорӣ бо грифи 24кг”;
-дипломи дараҷаи 2 ба сержанти хурди хизмати дохилӣ Ҳайдарзода Акбарҷон Соҳибҷон-курсанти курси 2-юми Коллеҷ барои гирифтани ҷойи 2-юм дар намуди варзиши “Ҷаҳидан ба дарозӣ”;
-дипломи дараҷаи 2 ба сержанти хурди хизмати дохилӣ Муҳаббатов Қадамшо Сайдамирович-курсанти курси 2-юми Коллеҷ барои гирифтани ҷойи 2-юм дар намуди варзиши “Қаду рост кардани дастон (отжимания)”;
-дипломи дараҷаи 3 ба қатории хизмати дохилӣ Латифзода Мурватшои Шарифҷон-курсанти курси 2-юми Коллеҷ барои гирифтани ҷойи 3-юм дар намуди варзиши “Ҳаво додани норинҷак (700гр)”;
-ифтихорнома ба қатории хизмати дохилӣ Қосимов Умарҷон Сунатуллоевич-курсанти курси 1-уми Коллеҷ барои гирифтани ҷойи 3-юм дар намуди варзиши “Гуштини миллӣ”.
Роҳбарияти муассисаи таълимии номбурда аз ташкил намудани чунин чорабиниҳо ба роҳбарити ВКД изҳори сипос намуда, бовар мекунонанд, ки минбаъд низ курсантонро дар руҳияи баланди ҳарбӣ-ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба ватан ва Роҳбари давлат тарбия намуда, бо мақсади бо тантана пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои илмӣ ва варзиширо ба нақша гирифтааст, ки ин ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва содиқ будан ба халқу кишвари хешро дар тафаккури курсантону кормандон бедор намуда, дар васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо ва ба таълиму тарбия фаро гирифтанашон кӯмак хоҳад кард.

Ҳусноро Тураева, майори хизмати дохилӣ,

сардори кафедраи муҳандисӣ-техникии МДТ

«Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Мо дар Telegram