Иштироки хонандагони тоҷик дар озмуни Менделеев

Донишгоҳи Давлатии Москва 55-умин Олимпиадаи байналмилалии фанни химияро барои хонандагони мактаб аз тамоми дунё мегузаронад.

Олимпиадаи мазкурҷаҳонӣ ба номи химики машҳури Русия ва ҷаҳон Д.И.Менделеев бахшида шудааст. Ин озмун дар ИҶШС ҳамчун Олимпиадаи умумииттифоқӣ аз фанни химия соли 1967 шурӯъ шуда буд.

Олимпиада 21 апрел соати 12:00 ба вақти Москва дар шакли онлайн баргузор мегардад.

Дар ин озмун мактаббачагон аз 25 кишвар иштирок мекунанд. 

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ оиди ин чорабинӣ хабардор мебошад ва тавре ба АМИТ «Ховар» хабар додааст, мактаббачагони тоҷик ҳарсол дар ин озмун иштирок менамоянд ва қаблан соҳиби 133 медал, аз ҷумла 21 медали тилло, 33 нуқра ва 79 биринҷӣ гардидаанд.

Иштироки хонандагони тоҷик дар озмуни Менделеев

Аввалин гуруҳи донишҷӯёни тоҷик баъд аз барқароршавии парвозҳо ба Русия мераванд

Мо дар Telegram