Иштироки ҷудокорони тоҷик дар озмуни байналмилалии навбатӣ

Озмуни «Tbilisi Grand Slam» оид ба дзюдо миёни беш аз 500 варзишгарони дунё санаи 26-28 март баргузор мегардад.
Аз Тоҷикистон ду нафар олимпичиён Шаҳбоз Саидабуроров дар вазни — 60кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни — 90кг иштирок хоҳанд кард.
Дар ин озмун 273 мард ва 228 зан дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг, — 60кг, — 66кг -70кг -73кг, +78кг -81кг -90кг, -100кг, +100кг барои ҷойи якум мубориза мебаранд.
Озмун мукофотҳои пулиро низ пешбинӣ намудааст ва беҳтаринҳои мусобиқа барои ҷойи якум 5000 доллари ИМА, ҷойи дуюм — 3000 доллар ва барои ҷойи сеюм 1500-долларӣ тақдим карда мешавад.
Мо дар Telegram