Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сатҳи баланд оид ба об

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои рӯзномаи соли 2030 оид ба масъалаҳои об» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ин ҷаласаи СММ сарони давлатҳои кишварони аъзоро ҷамъоварда мавзӯи «Тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба ва суръат бахшидани амалҳои мушаххас ба хотири ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои рӯзномаи 2030 вобаста ба масъалаҳои об ва ҳадафҳои рушди устувор»-ро баррасӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доимо дар ин масъала суханрони намуда изҳори нигарони мекунанд, ки 29% аҳолии кураи замин ба оби тозаи ошомиданӣ ва 55% ба санитарияи оддӣ дастрасӣ надоранд ва ин мушкилот танҳо бо қувваи дастаҷамъона ҳал кардан мумкин аст.

Бояд қайд кунем, ки Тоҷикистон аз ҳама кишвари сер обӣ минтақа мебошад ва бо пиряхҳо ва дарёҳои худ ҷойи намоёнро мегирад. Аммо то имрӯз зиёда аз 1000 адад пиряхи хурду миёна дар Тоҷикистон пурра об шуда, ҳаҷми умумии пиряхҳо қариб се маротиба кам гардидааст. Чунин ҳолат на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба дигар кишварҳои минтақа низ таъсири манфӣ мерасонад. Ва Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуда, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муқаррар карда шавад.

Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон муаллифи ташаббусҳои «Соли обӣ тоза-2003» «Об манбаи ҳаёт-2005-2015» ва «Об барои рушди устувор 2018-2028 мебошад.

Мо дар Telegram