Иштироки аъзоёни “Шӯрои ҷавонон”-и Академияи ВКД ҷиҳати омода намудани наворҳои видиоии телевизионӣ

1559

Ҳамасола 23 феврал мардуми шарифи тоҷик солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот ва рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ҷашн мегиранд. Агар таъриху фарҳанг нишонаи ҳастии давлат бошанд, пас доштани Артиши миллӣ гувоҳи оромиву осудагии давлат мебошад ва дар ин замина барои пойдории Қувваҳои мусаллаҳ ҷавонон саҳми бориз доранд.
Санаи 17-уми феврали соли равон аъзоёни “Шӯрои ҷавонон”-и Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Раиси Шӯрои ҷавонон, лейтенанти калони милитсия Ҳабибзода Ҳ.Т., ҷиҳати омода намудани наворҳои видиоии телевизионӣ бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар телевизиони Тоҷикистон иштирок доштанд. Аъзоёни Шӯрои ҷавонони Академия тавонистанд бо шеъру суханҳои таъсирбахш дар васфи Артиши миллӣ ва Тоҷикистон диққати ҳамаро ба худ ҷалб намоянд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар баробари ин иштироки фаъолонаи курсантони Академияи ВКД дар чорабиниҳои Ҳукуматӣ низ назаррас мебошад.

“ШӮРОИ ҶАВОНОН”-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мо дар Telegram