Иштирокчӣ аз Тоҷикистон ба даври финали озмуни зебоии донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия роҳ ёфт

28 сентябри соли гузашта дар шаҳри Пенза озмуни зебоӣ, истеъдод ва хиромонӣ миёни миллатҳои зиёд оғоз ёфт. Чорабинии “Miss World. Folk Queen – 2020»дар байни донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳи давлатии Пенза баргузор мешавад. Дархостҳо барои ширкатро 13 духтар аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон пешниҳод кардаанд, гуфта мешавад дар сайти Донишгоҳи Давлатии Пенза.

Дар кастинг ба иштирокчиён лозим буд, ки ду акс пешниҳод кунанд: портрет ва акси пурра. Духтарон инчунин дар бораи худ як ҳикояи кӯтоҳе сохтанд ва маҳорати рафтор дар пошнаҳоро нишон доданд.

Дар натиҷаи кастинг 7 нафар иштирокчиён аз Ҳиндустон, Чин, Миср, Индонезия, Тоҷикистон ва Туркманистон ба марҳилаи навбатии озмун гузаштанд.

Тоҷикистонро дар ин озмун донишҷӯи факултаи технологияҳои саноатӣ, барқ ва нақлиёт, ки ихтисоси масолеҳшиносӣ, Азизахон Аюбзода намояндагӣ мекунад.

Марҳилаи ниҳоии озмун 5 март баргузор мешавад ва ба рӯзи байналмилалии занон рост меояд. Дар доираи озмун духтарон бояд аз санҷишҳои зерин гузаранд: намоиши мӯд бо либосҳои миллӣ, санади эҷодӣ, озмуни зеҳнӣ, рақами синтези «Dance of the World» ва намоиши мӯд бо либосҳои шабона.

Инчунин дар шабакаи иҷтимоии «Вконтакте» духтарон барои унвони  «Мисс Фото» мубориза мебаранд, ки онро иштирокчӣ, ки овозҳои бештарро ба даст овардааст.

Мо дар Telegram