Иқдомҳои шоиста. Дар Конибодом мавзеъҳои осебпазири канали калони Фарғона тоза карда мешавад

Иқдомҳои шоиста. Дар Конибодом мавзеъҳои осебпазири канали калони Фарғона тоза карда мешавад

Шӯъба ва бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, таъмини бехатарии аҳолӣ дар минтақаҳои хавфнок, чораҳои саривақтӣ меандешанд, ки роҳандозии  корҳои соҳилбандиву мустаҳкамкунӣ ва барқарорсозӣ аз ин ҷумлаанд.

Дар шаҳри Конибодом бо ташаббуси бахши Раёсати вилоят ва бо дастгирии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода зери иқдоми «Пешгирии ҳолатҳои фавқулодда беҳтар аст, аз бартарафсозии он!» мавзеъҳои осебпазири канали калони Фарғона тоза карда шуда, ин иқдом ҳам барои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва ҳам тозаву озода нигоҳ доштани муҳити экологӣ роҳандозӣ гардида, аз ҷониби сокинони шаҳр низ хуш пазируфта шуданд.

Корҳои соҳилбандиву мустаҳкамкунӣ асосан дар 25000 метри мукааб мавзеъҳои осебпазир ба нақша гирифта шуда, қариб 80% корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки корҳои мазкур бо истифода аз 6 адад техникаҳои муҳандисии корхонаи воҳиди давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ ва бо иштироки аҳолии шаҳр сурат мегиранд.

Гуфтанист, ки канали мазкур асосан дар мавсими объёрӣ ҷиҳати беҳтар намудани вазъи обрасонӣ ба заминҳои полезӣ истифода бурда мешавад.

Ш.Бутаева 

Мо дар Telegram