Интиқоли сокинон ба макони амн. Идомаи корҳои барқароркунии ҳолати садамавӣ дар садди ҳифозатии дарёҳои Ёхсӯ ва Сурхоб

Интиқоли сокинон ба макони амн. Идомаи корҳои барқароркунии ҳолати садамавӣ дар садди ҳифозатии дарёҳои Ёхсӯ ва Сурхоб

28 – уми марти соли 2021 дар натиҷаи боронҳои шадид дар наздикии Чорчашмаи деҳаи Лағмони ҷамоати Кӯлоби шаҳри Кӯлоб, мавзеъи Хоҷаи Шоми деҳаи Гултеппаи ҷамоати деҳоти Х.Раҷабов ва ҷамоати ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон болоравии сатҳи оби дарёҳои Ёхсӯ ва Сурхоб ба мушоҳида расид, ки ин ба ҳолати садамавии сарбанди дарё оварда расонд.

Барои таъмини бехатариву амнияти сокинони деҳаи Гултеппаи ноҳияи Восеъ кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 250 нафар сокинони деҳаро ба маконҳои амну бехатар интиқол доданд. Ситоди доимамалкунанда бо сарварии Ҷонишини якуми Раиси Кумита полковник  Ҳотамшо Латифзода ташкил карда шуд. 

Бо мақсади пешгирӣ аз рахна шудани садд кормандони КҲФ ҳамроҳ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ 40 адад хиштбетонҳо оварданд, ки 20 адади он аллакай дар қитъаҳои вайроншуда барои тақвияти сарбанд гузошта шуд.

Ҳамчунгин дар қаламрави дарёи Сурхоб, наздикии ҷамоати деҳоти ба номи  Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ 20 хиштбетони дигар гузоштаву аз хавфи эҳтимолӣ пешгирӣ карда шуд. 

Барои роҳандозии корҳои барқароркунии харобкориҳои ин офат дар минтақаҳои ёдшудаи дарёҳои Ёхсӯ ва Сурхоб 6 техникаи вазнини муҳандисӣ ҷалб карда шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷоми ин корҳо аз захираҳои худ маводи сӯхт ҷудо кардааст.

Корҳои барқароркунӣ дар ин самт идома доранд.

барчасп: 
Мо дар Telegram