Интихоботи президент дар Ӯзбекистон моҳи октябр мегузарад

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар қонуни интихобот, як қатор иловаҳо ворид намуд. Тибқи ин иловаҳо санаи гузаронидани интихоботи умумихалқӣ аз моҳи декабр ба 24 октябр гузаронида шуд.

Ҳамчунин тибқи иловаҳо, комиссияиҳои минтақавии интихобот барҳам дода шуда, салоҳияти онҳо ба комиссияҳои ноҳиявӣ  (шаҳрӣ) дода мешавад. Ба ғайр аз ин иловаҳо ба Кодекси интихобот ва маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ ворид карда мешавад.

Лоиҳаи қонун 29 январ қабул гардида, 5 феврал тасдиқ шуд.

Тавре пештар иттилоъ дода будем, Жаҳонгир Отаҷонов ҳунармаеди машҳури Ӯзбекистон низ нияти пешбари намудани номзадии худ дар ин интихобот мебошад.

Интихоботи президент дар Ӯзбекистон моҳи октябр мегузарад

Маҳсули тарроҳони тоҷик дар саҳнаи Бишкек

Мо дар Telegram