Интихоботи миёндаврии парлумон дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон 18 апрели соли равон интихоботи миёндаврии парлумон баргузор мегардад.

Маҷлиси намояндагон баъд аз ба вазифаҳои дигар гузаштани вакилони ҳавзаҳои интихоботии Деваштич, Балхӣ ва Вахш интихобот мегузаронад.

Вакили ноҳияи Деваштич Зуфар Исмоилзода бо сабаби сардори КМИ ҲХДТ дар вилояти Суғд таъин шуданаш аз вазифаи роҳбари комиссияи экологии палатаи поёнии парлумон даст кашид.

Инчунин Балхӣ Ҳокимзода вакили ноҳия Балх бо сабаби муовини раиси Бонки миллӣ гаштанаш ва Бахтовар Сафарзода вакили шаҳри Бохтар бо сабаби намояндаи Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонӣ таъин шуданаш аз вазифаҳояшон даст кашиданд.

Акнун дар ин се минтақаи Тоҷикистон аз нав интихобот мегузарад.

Мо дар Telegram