Имрӯз мунтахаби миллии Тоҷикистон бо Муғулистон бозӣ мекунад

Имрӯз, 25-уми март, соати 18:00 дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” байни тимҳои миллии Тоҷикистону Муғулистон баргузор мешавад.

Сардовари бозӣ рефери 44-солаи ФИФА аз давлати Ироқ Алӣ Сабоҳ Ал-Кайсӣ таъин шудаст. Нозири доварон Аҳмад Яқуб Ҷумъа аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва камиссари бозӣ Ҳамид Муъминӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошанд. Инчунин, намояндаи Конфедератсияи футболи Осиё Жунг Хван Вон аз Куриёи Ҷанубӣ ба ҳайси мушоҳидачӣ дар ин вохӯрӣ иштирок менамояд. Ёдрас мешавем, ки бозии имрӯза барои тими миллии Тоҷикистон нахустин бозии расмӣ дар давраи пандемия мебошад.

 

ҶҶ-2022

Марҳиаи дуюми интихобӣ

Гурӯҳи «F». Даври 7-ум

25 март (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 18:00

ТОҶИКИСТОН – Муғулистон

Сардовар: Алӣ Сабоҳ Ал-Кайсӣ (Ироқ).

Ёварон: Ҳайдар Абдулҳасан Алӣ Убайдӣ, Амир Ҳуссейн (ҳарду аз Ироқ).

Довари захира: Зайд Тҳамер Муҳаммад (Ироқ).

Нозири доварон: Аҳмад Яқуб Ҷумъа (ИМА).

Комиссари бозӣ: Ҳамид Муминӣ (Эрон).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Мо дар Telegram