Имрӯз Ҷаласаи сарони ВКХ ИДМ доир мегардад

Имрӯз дар шаҳри Москва, зери роҳбарии Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ. 

Ин сафар баъд аз беҳтар шудани вазъи эпидемиологии ҷаҳон аз коронавирус ин мулоқот ба таври зинда мегузарад.
 
Нақшаи кории вазирон аз масъалаҳои мубрами рӯз ва ҳалталаб ба монанди густариги шарикӣ миёни вазорати корҳои хориҷии кишварҳои созмон ва машваратҳои бисёрсатҳаи ВКХ-ҳо дар доираи Иттиҳод дар соли 2020 мебошад.

Ғайр аз ин, санадҳои қаблан пешниҳодшударо барои баррасии сарони давлатҳои ИДМ-ро мувофиқа намуда лоиҳаи Муроҷиати Сарони давлатҳо ба халқҳои кишварҳои Иттиҳод ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба 80-солагии оғози Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, нақшаҳои амалии миёнамуҳлат оид ба татбиқи стратегияҳои дар Иттиҳод амалкунанда — рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳамкории байналмилалии ҷавонон ва соҳаи сайёҳӣ барраси мекунанд.

Пахши мустақими ҷаласаро соати 12:00 ба вақти Москва дар саҳифаи (e-cis.info) дидан мумкин аст.

Имрӯз Ҷаласаи сарони ВКХ ИДМ доир мегардад

Афзоиши муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ

Мо дар Telegram