Имдодгарони Кумита бинои пурра таъмиршударо қабул карданд

4 апрели соли 2022 дар шаҳри Душанбе маросими ба истифода супурдани бинои пурра таъмиршудаи Раёсати ҷумҳуриявии таъиноти махсуси ҷустуҷӯву наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Ин бино тибқи лоиҳаи “Таҳкими зарфиятҳои коҳиши хатари офатҳо ва эътино”, ки моҳи сентябри соли 2016 миёни КҲФ, Ҳукумати Ҷопон ва Барномаи Рушди СММ имзо шуда буд, таъмир шуд.

Имдодгарони Кумита бинои пурра таъмиршударо қабул кардандДар маросими ба истифода додани бино роҳбарони Кумита, Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар ҶТ ҷаноби Ленни Монтиел, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тошихиро Аики, ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд. 

Ҷонишини Раиси КҲФ, полковник С.Исозода зимни суханронии худ ба шарикон барои дастгирии раванди бозсозиву таъмиру тармими бино изҳори сипос намуд. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки бидуни шак ин тадбир ҳатман ба самароварии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот ва расонидани ёрии фаврӣ ба аҳолӣ дар ҳоатҳои фавқулода кумак хоҳад кард.

Имдодгарони Кумита бинои пурра таъмиршударо қабул кардандМеҳмонон баъди анҷоми маросими таҳвил аз бино дидан карданд, вориди утоқҳои корӣ шуданд ва таҷҳизоти наверо, ки дар утоқҳо гузошта шуда буд, тамошо карданд.

Маврид ба ёдоварист, ки бино аз ду ошёна иборат буда, дар он синфхонаҳои махсусгардонидашуда, гаражҳо, утоқҳои кории кормандони воҳиди наҷот мавҷуд аст. Утоқҳои корӣ муҷаҳҳаз бо  бо куллияи таҷҳизоти лозим мебошанд. 

Дар фарҷоми вохӯрӣ меҳмонон бо техникаву таҷҳизоти махсусе, ки дар  Раёсат мавҷуданд, шинос шуданд.

барчасп: 

Мо дар Telegram