«ИЛМ ВА ҲАЁТ» НАШР ШУД

16.03.21.2Шумораи нахустини маҷаллаи илмӣ-оммавии «Илм ва ҳаёт» дар соли равон бо фарогирии мавзӯъҳои муҳими рӯз ба табъ расид.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйдоди муҳимми сол буд. Ба ин муносибат зери рубрикаи “Дар партави Паём” матлабҳои “Машъалафрӯзи маърифат”, “Ҳифзи амнияту субот – муҳимтарин масъалаи рӯз”, “Тоҷикистон, барҳақ, Ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст” матлабҳо ба нашр расиданд. “Ганҷинаи бебаҳои миллат” – матлабест, ки аз иқдоми беназири Пешвои миллат – тақдими китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳар хонадон хуш истиқбол мекунад.

Ҷашни таърихӣ – 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии мамлакат дар меҳвари таваҷҷӯҳи ҳайати эҷодии маҷалла қарор дорад. Ба ин муносибат зери рубрикаи “Дастовардҳои беназири Истиқлол” мусоҳибаи сармуҳаррири маҷалла бо раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон — рамзи Истиқлоли мамлакат дар аттестатсияи кадрҳои илмӣ” нашр шудааст, ки КОА-ро воқеан ҳам чун рамзи истиқлоли илмии мамлакат муаррифӣ менамояд.

Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар ин шумораи маҷалла ҳамчун иқдоми беназири фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муаррифӣ шуда, ҳамзамон, ба ҷараёни татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” низ таваҷҷӯҳи хос зоҳир шудааст. “Ҷомеа ба кадрҳои баландихтисоси рақобатпазир ба бозори ҷаҳонӣ ниёз дорад” намунаи чунин таваҷҷӯҳ аст.

Чун нашри шумора ба ҷашнҳои Рӯзи модар, Иди матбуоти тоҷик ва Наврӯзи дилафрӯз рост омад, ба ин муносибат низ матлабҳои хонданию ҷолиб ҷой дода шуданд.

Мо дар Telegram