Ихтирокорӣ аз тарафи омӯзгорон ва курсантони факултети №5 Академияи ВКД

1015

Оид ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ки барои солҳои 2020-2040 эълон гардидааст ва иҷрои бистсолаи омӯзиши эҷодкорӣ ва ихтирокорӣ ҳадафҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Таҷҳизоти техникие, ки аз ҷониби муовини сардори кафедраи фанҳои муҳандисию техникии факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Муминиён Алишер Аминзода ва бо ёрии методии курсантони факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ихтисосҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва ҳолатҳои фавқулода омода месозад, пешниҳод шудааст аз ҷиҳати сохт содда буда, ҳаҷми хурдро низ доро мебошад.
Вазифаи асосии таҷҳизоти техникии мазкур барои пайваст намудани саракҳои рӯдаҳои оташнишонӣ ба саракҳои пайвасткунанда бо истифодаи ноқили металии мустаҳкамии баланддошта (хром, пулод) буришашон аз 2 то 5 мм истифода бурда мешавад.

1016

Айни ҳол ин таҷҳизоти техникӣ бо мақсади ҷавобгӯ будан барои ба стандарти давлатӣ барои гузаронидани озмоиши гидравликӣ ба шуъбаи техникии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда шудааст, ки дар сурати аз озмоиши гидравликие, ки атмосфераи муайн дорад, ё ин ки пешниҳодҳо (навгониҳо, тағйирдиҳӣ ва ё ворид намудани ягон қисм ба таҷҳизот барои мукаммал гардонидан аз тарафи мутахассисони бехатарӣ аз сӯхтор) аз ҷониби ихтирочӣ пешниҳодҳо ба назар гирифта шуда, мукаммал гардонида мешавад ва ба истеҳсолот равона карда мешавад.

Нуруллозода М., майори милитсия
Шарофзода Ф.А., капитани милитсия

 

Мо дар Telegram