Иҷозати Наврӯз дар Тоҷикистон ва таҷлили он дар Москва

Гарчанде имсол дар ҷумҳурӣ иди байналмилалии Наврӯз ба таври васеъ қайд карда намешавад, Ситоди ҷумҳуриявӣ  иҷозад доданд, ки бо риояи ҳамаи қоидаҳои пешбинишуда бар зидди коронавирус дар шаҳру ноҳияҳо ҷашн гиранд.

Ба ғайр аз ин, шарти дигари ҷашнгирӣ ин аст, ки мақомоту вазоратҳо, дастгоҳи иҷроияи шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳо ба харҷи зиёдати роҳ надиҳанд.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тандурустӣ ҳангоми чорабиниҳо назорат хоҳанд кард.

Бояд қайд  намоем, ки 21 март иди наврӯз дар шаҳри Москва низ ҷашн гирифта мешавад. Макони ҷашнгирӣ Майдони варзишии “Лужники” мебошад ва ташкилоти ҷамъиятии “Нур” барнома фарҳангӣ ба нақша гирифтааст. Дар ин чорабинӣ расму одатҳои ин иди қадима риоя карда мешаванд ва озмунҳои  дастархонӣ беҳтарин, гуштин, бандкашӣ,  рақсу бозӣ ва ғайраҳо тамошобинону меҳмонҳоро интизоранд.

Наврӯз иди миллии қадимаи мардуми тоҷику форс ба ҳисоб меравад ва аз даврони Ҷамшед қайд карда мешавад. Инчунин иди “Наврӯзро оғози мавсими кишту корӣ баҳори меноманд.

Мо дар Telegram