Ифтитоҳи корхона бо иштироки Э.Раҳмон ва бо таҷҳизотҳои Русия

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрузҳо бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дорад. Мақсади сафар аз рафти корҳои ободонӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолият, корҳои мавсимии кишоварзӣ ва суҳбат намудан бо мардуми маҳаллӣ мебошад.

Имрӯз Президенти кишвар корхонаи ҶДММ «Бохтар шифер» истеҳсолии маҳсулотҳои аз варақсанги нафтӣ таёршударо ифтитоҳ намуданд. Корхонаи мазкур шиферҳо истеҳсол менамояд ва бо таҷҳизотҳои Русия насб карда шудааст. 

Бояд зикр намуд, ки 60 нафар истиқоматкунандагони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Иқтидори солонаи корхона 1,1 миллион дона шиферро ташкил медиҳад ва бо назардошти талабот дар бозор, маҳсулоти аз ин ҳам зиёдтар истеҳсол кардан мумкин аст.

Инчунин дар рафти сафар дигар корхонаҳоро низ ифтитоҳ хоҳанд кард.

Ифтитоҳи корхона бо иштироки Э.Раҳмон ва бо таҷҳизотҳои Русия

Русия ба сохтмони Роғун ҳамроҳ мешавад

Мо дар Telegram