Ифтитоҳи бинои нави Шуъбачаи милитсияи деҳотии «Сангтуда»

1230

Рӯзи 13-уми апрели соли 2021 бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ маросими ифтитоҳи бинои Шуъбачаи милитсияи деҳотии «Сангтуда»-и Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Данғара, дар ҷамоати деҳоти Сангтуда ба ифтихори сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст, баргузор гардид.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ ҳайати шахсии шуъбачаро бо муносибати ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавӣ самимона табрик намуда, иброз дошт, ки кормандони мақомоти корҳои дохилиро зарур аст, то ба ивази дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти Олии кишвар, ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба арзишҳои олии Ватан, ба халқи худ хизмат намоянд.

123112321234123512361237

Бино аз як ошиёна иборат буда дорои 5 ҳуҷраи кории муосир, бо тарҳи замонавӣ сохта шуда бо компютерҳо муҷаҳҳаз гардонида шуда аст, ки барои кору фаъолияти кормандон мусоид аст.
Ҳамчунин дар бинои навбунёд толори барҳаво бо 20 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст, ки барои гузаронидани ҷамъомад хеле мувофиқ мебошад. Дар шуъбача 11-нафар кормандон кору фаъолият мекунанд.
Гирду атрофи бинои мазкур чароғон ва ободу зебо гардонида шуда, дар он гулу буттаҳо ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шудааст.
Пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамоварда дар бинои навбунёд муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов бо сокинони ҷамоати деҳоти Сангтуда мулоқот намуданд.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия.

Мо дар Telegram