Идомаи сафари Президент дар Хатлон ва ифтитоҳи корхонаю марказҳо

Рӯзи дуюми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оғоз ёфт, ки аллакай дар ними рӯз як чанд корхонаҳову марказҳои гуногун ифтитоҳ гардиданд.

Яке аз чунин марказҳои диохушӣ бинои чойхона ва тарабхонаи миллии «Шамсулло» мебошад, ки аз ташаббуси сокинони ватандӯсти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Исматулло Абдуллозода ва Кароматуллои Исматулло сохта шудааст. Иншооти маишӣ 50 нафар мардуми маҳаллиро бо кори доимӣ таъмин менамояд. Бино аз ду ошёна иборат буда, дар чойхона 150 ва дар тарабхона барои 200 нафар ҷойи нишаст муҳайё гардидааст. 

Дар рафти сафари корӣ боз дигар корхонаҳо низ мавриди ифтитоҳ қарор гирифтанд:

  • Маркази хизматрасонӣ бо мағозаҳои гуногуни ниёзи мардум, тарабхонаи “Замира” ва меҳмонхона барои 25 нафар. Ҷойи кор барои 50 нафар.
  • Маркази ташхисию табобатии “Исмоил” иборат аз 4 ошёна. Дар ошёнаи якуми бинои марказ дорухона ҷойгир мебошад ва дар се ошёнаи болоии Маркази ташхисию табобатии “Исмоил” утоқҳои корӣ, ҳуҷраҳои табобати дандон, ташхиси амрози занона, озмоишгоҳҳои таҳлили хун, ҳуҷраҳои бистарикунонӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасонро дар бар мегирад.
  • Корхонаи сементбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Моҳир семент”. Иқтидори корхонаи мазкур дар як сол 600 ҳазор тонна мебошад. Корхона дар майдони 6,7 га буда 120 нафарро бо кор таъмин менамояд.
  • Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии ”Санавбар”. Муассисаи томактабии хусусӣ дороӣ ҳамаи шароитҳои лозима мебошад. Боғчаи “Санавбар” аз ду ошёна иборат буда, имконият дорад, ки бештар аз 200 кӯдакро ба тарбия фаро гирад. Дар ин муассиса омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст ва мураббиён дар тариқи озмун ба кор қабул карда шуданд. Дар иншооти нави соҳаи маориф 32 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.
Идомаи сафари Президент дар Хатлон ва ифтитоҳи корхонаю марказҳо

Ифтитоҳи корхона бо иштироки Э.Раҳмон ва бо таҷҳизотҳои Русия

Мо дар Telegram