Иди Рамазон дар Тоҷикистон 13 апрел оғоз мешавад

Санаи оғози Иди Рамазон дар Тоҷикистон маълум шуд. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон 13 апрелро оғози моҳи шарифи Рамазонро эълон карданд, хабар доданд дар Кумитаи Дини Тоҷикистон.

Одатан дар муайян намудани рӯзи иди Рамазон ба ғайр аз олимони Шӯрои Уламо олимони Институти астрофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ дар тасдиқ намудан иштирок мекунанд.

Инчунин маълум намудани ҳаҷми закот ва фитри рӯза низ ба зимаи Шӯрои Уламо мебошад. 

Дар давоми  30 рӯз мусулмонон аз субҳи содиқ то шом аз истеъмоли ғизо худро маҳдуд менамоянд.

Имсол намозҳои тарробеҳ дар масҷидҳо бо риояи қоидаҳои зидди коронавирус, пушидани ниқоб ва  фосилаи иҷтимоӣ мегузарад.

Иди Рамазон дар Тоҷикистон 13 апрел оғоз мешавад

Тавсияҳои Шурои уламои Тоҷикистон ва СУТ дар Моҳи Рамазон

Мо дар Telegram