Ҳушдор аз болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар рӯзҳои оянда

Ҳушдор аз болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар рӯзҳои оянда

Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии кишвар рӯзҳои наздик бар асари гармии дамои ҳаво баланд шудани сатҳи об дар рӯдхонаҳое, ки аз доманакӯҳҳои водии Ҳисор ҷорӣ мешаванд, инчунин дар дарёи Хингов пешбинӣ мешавад. Хатари лағзиши тарма дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, нишебиҳои ҷанубии водии Ҳисор ва қисмати ғарбии ВМКБ вуҷуд дорад.

Ин аст, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудоифаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро огоҳ мекунанд, ки хеле эҳтиёткор бошанд, чорвочарониҳоро дар доманакӯҳҳо маҳдуд намоянд, кӯдаконро ҳезумчинӣ ва ҷамъоварии гулҳои аввалбаҳорӣ нафиристанд, моҳидорӣ нараванд. Ронандагон ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарии роҳро риоя намоянд.

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода КҲФ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад бо истифода аз фурсати муносиб селроҳаҳоро аз хасу чӯбу сангу хок тоза кунанд, каналҳо ва ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна партовҳо пок созанд. 

барчасп: 
Мо дар Telegram