Ҳунарманд аз Қазоқистон барандаи ҷоизаи “Гремми” гашт

Ҷоизаи “Гремми”, ки аз тарафи Академияи миллии санъат ва илми мусиқи супорида мешавад, имсол насиби ҷавони қазоқ гардид. Иманбек Зейкенов аввалин ҳунарманд аз Қазоқистон соҳиби ин ҷоиза барои барои ремикси худ аз рӯи суруди «Roses»-и репсаро Карлос Сент-Джон гардид. 
Маҳсули эҷоди Imanbek шабакаи YouTube беш аз 145 миллион маротиба тамошо кардаанд, дар раддабандии U.S. Billboard Hot 100 дар панҷгона ва дар беҳтарин сурудҳои британӣ шомил шуд.
Ин дастоварди бузурге барои ҷавони 20 солаи қазоқ мебошад, ки ҳатто диджеи касби нест.
Инчунин, аз рӯи дигар номинатсияҳо чунин сарояндагони маъруф аз қабили Беёнсе, Билли Айлиш, Тайлор Свифт, H.E.R. В ва дигарон иштирок намуданд.
Аз Руссия ин ҷоизаро скрипканавоз Макисм Венгеров, дирижёр Владимир Ашкенази, Юрий Башмет, Илдар Абдразоков ва Олга Бородина ҳунармандони театри Марииан сазовор гаштаанд.
Мо дар Telegram