Ҳунар беҳтар аз ганҷ. Акбаралӣ дигар ба муҳоҷират рафтан намехоҳад, чун дар ватан кори доимӣ ёфт

Қаҳрамони мо Акбаралӣ Раҷабалиев аз муҳоҷират дилгир шуда ба ватан баргашту касби сандуқсозиро пеша кард. Ӯ мехоҳад, ки ҳарчӣ бештар шогирд тарбия кунад, то ҷавонҳо барои кор ба муҳоҷират нараванд ва он ҷо сарсону саргардон нашаванд.

Сандуқтарошӣ ё сандуқсозӣ ҳунари қадимаи мардуми тоҷик аст. Ҳамагон чун дигар ашёи зарурӣ дар зиндагии худ аз сандуқҳо зиёд истифода мекунанд. Аксаран сандуқҳоро пеш аз хонадоршавӣ чун ҷиҳози зарурӣ барои ҷойгирнамудани ашёҳои рӯзгор харидорӣ менамоянд. Аз ин рӯ косибоне, ки ба сандуқсозӣ сару кор доранд миёни мардум аз эҳтироми хосса бархурдоранд. Қаҳрамони мо яке аз сандуқсозони машҳури водии Ҳисор аст. Ӯ солҳои зиёд дар муҳоҷират кор кардаасту ниҳоят ба Ватан баргашта ба сандуқсозӣ машғул шудааст.

Дигар ҳеҷ гоҳ ба муҳоҷират намеравам

Раҷабалиев Акбаралӣ мудати 24 сол аст, ки ба касби пурмашаққати сандуқсозӣ машғул асту луқмаи фарзандонашро аз ҳамин касб ба даст меорад. Ӯ зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Файзбахши шаҳри Ҳисор мебошад. Ба гуфти қаҳрамон дар авлоди онҳо касе ба ин ҳунар машғул набудааст ва ба дунёи ин ҳунар омадани ӯ тамоман ногаҳонист.

Ҳунар беҳтар аз ганҷ. Акбаралӣ дигар ба муҳоҷират рафтан намехоҳад, чун дар ватан кори доимӣ ёфт

Пеш аз ин қаҳрамони мо дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ шуда кор мекард. Вале онҷо бо азобҳои зиёд даст ба гиребон мешавад, кор то ҷое мерасад, ки Акбаралӣ бемор мешаваду ба Тоҷикистон бармегардад. Пас аз ин ӯ ба худ ваъда медиҳад, ки ягон касб меомӯзаду дар Ватан машғули кор мешавад ва дигар ба муҳоҷират намеравад.

“Соли 1996 ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта будам. Азобу машаққати фаровони муҳоҷириро бисёр кашидам, ҳатто бемор шудам, ба худ мақсад гузоштам, ки бояд дар ватани худам соҳиби кор шавам. Пас аз баргаштан ба хулосае омадам, ки касб омӯхта дар кишвари худам, назди падару модар ва зану фарзандон ба ягон кор машғул шаваму зиндагии хешро пеш барам. Аз рӯи ҳавас ба назди устои сандуқсоз рафтам ва хостам дар ин роҳ худро бисанҷам”, – нақл кард амаки Акбаралӣ.

Оғози зиндагии нав

Устоди Акбаралӣ – Аҳлиддин яке аз устоҳои сандуқсози моҳири деҳаашон ба ҳисоб мерафтааст. Қаҳрамони мо дар фикри ҷустуҷӯи кор, аз якчанд дӯсташ маслиҳат мепурсад онҳо ба ӯ тавсия медиҳанд, ки ба назди усто Аҳлиддин барои омӯзиши ҳунари сандуқсозӣ равад. Акбаралӣ низ бо якчанд дӯстони худ ҳамроҳ шуда тӯли чанд моҳ ба омӯзиш машғул машавад.

Ҳунар беҳтар аз ганҷ. Акбаралӣ дигар ба муҳоҷират рафтан намехоҳад, чун дар ватан кори доимӣ ёфт

“Чун ба худ ваъда дода будам, ки дигар қадамамро сӯи муҳоҷират намегузорам, вале даст рӯи даст гузошта дар хонаам низ хобида наметавонистам. Бояд аз ягон ҷо зиндагиамро оғоз мекардам. Бо кӯмаки дӯстонам ба назди устои сандуқсоз рафтем. Усто Аҳлиддин инсони шариф буд, нозукиҳои касбро пурра ба мо омӯзонида оҳиста – оҳиста аз мо шогирдон сандуқсозони моҳир тайёр кард”, – ба хотир меорад Акбаралӣ.

Пас аз ба пуррагӣ аз худ намудани нозукиҳои сандуқсозӣ устод шогирдонашро дар устохонаи худ ба кор мегирад.

“Хело хушбахт будам, зеро ба мақсади гузоштаам наздик мешудам. Акнун ман натанҳо касб меомӯхтам, инчунин маблағ низ ба даст меовардам, ки барои бештар кор карданам рӯҳия мебахшид. Пас аз боварии комил ҳосил кардан устодамон гуфтанд: “Акнун ман мутмаинам, ки ҳар яки шумо метавонед мустақилона ин корро идома диҳед. Акнун раведу аз пайи кор шавед””, – нақл кард усто Акбаралӣ.

Ҳунар беҳтар аз ганҷ. Акбаралӣ дигар ба муҳоҷират рафтан намехоҳад, чун дар ватан кори доимӣ ёфт

Соҳибкор ва устод

Қаҳрамони мо аз сабаби норасоии рӯзгор дар аввал дар хонаи истиқоматии худ ба сохтани сандуқ машғул мешавад. Сипас мебинад, ки алакай фармоишоташ зиёд шудаасту фоидаи хубе ба даст оварда истодааст, яке аз мағозаҳои бекорхобидаи деҳаашонро ба иҷора гирифта, барои худ устохона месозад. Акнун ӯ шогирдони худро тарбият мекунад.

Ба гуфтаи усто Акбаралӣ 8-10 сол қабл бештар сандуқҳое,ки бо тунука ородода мешуд, дар мӯд буданду талаботи фармоишгарон низ ба ҳамин намуди сандуқ зиёд буд. Сохтани сандуқҳои тунукагӣ барои устохо камхарҷу осон буд. Ҳоло бошад талабот ба сандуқҳои кандакорӣ шуда, бештар аст.

Ҳунар беҳтар аз ганҷ. Акбаралӣ дигар ба муҳоҷират рафтан намехоҳад, чун дар ватан кори доимӣ ёфт

“Дар як рӯз бо шогирдонам ду се сандуқи тунукагӣ месохтем. Акнун бо пешрафти мӯд ва тақозои замон салиқа ва завқи мардум низ пешрафт ва тараққӣ мекунад. Ҳоло бештар ба сандуқҳои кандакоришуда таваҷҷӯҳ мекунанд. Ин навъ сандуқҳо заҳмати бисёрро талаб мекунад. Зимнан на ҳама устоҳо дархости сохтани сандуқҳои наву замонавиро мегиранд, зеро онҳо нозукиҳои худро доранд ва вақти зиёдро низ талаб мекунад”, – мегӯяд усто Акбаралӣ.

Аз ҳама ашёи асосии сандуқсозӣ, тахта аст, ки дар айни замон дасрас карданаш, ба гуфти усто Акбаралӣ, душвор аст. Барои омода намудани сандуқ на ҳар намуди тахтаро истифода карда мешавад. Танҳо аз тахтаҳое мулоим истифода кардан лозим аст. Аз ин рӯ барои дастрас кардани тахтаи мувофиқ зуд – зуд бо камбудиҳо дучор меоянд.

Ҳунар беҳтар аз ганҷ. Акбаралӣ дигар ба муҳоҷират рафтан намехоҳад, чун дар ватан кори доимӣ ёфт

“Ҳама чиз гарон мешавад, вале сандуқ не”

Чанд соате, ки дар коргоҳи хурди сандуқсозии усто Акбалаӣ будем, мушоҳида кардем, ки омода сохтани сандуқ нозукиҳои ба худ хос дорад. Аз ҳама муҳимаш кори дастияш (кандакории қисми пеши сандуқ) бисёр нозук ва тоқатфарсост. Танҳо барои кандакории як сандук 3-4 соат вақти усто меравад. Хушк кардани тахта, рандасозии он, мехкубӣ ва ҷо ба ҷо гузории қисмҳои сандуқро ба назар гирем, воқеан кори саҳл нест. Бо замми ин душвориҳо фоида аз як сандуқ онқадар зиёд нест.

“Дар ин коргоҳ на як навъи сандуқ, балки чандин намуди сандуқҳо аз ҷумла сандуқи кандакорӣ кардашуда, сандуқи мебелӣ, (бо тахтаҳои хос) сандуқи ороишаш аз чарм низ сохта мешавад. Яъне аз ҷониби мизоҷон чӣ гуна фармоише шавад мо омода месозем. Вобаста ба талаботи бозор нарх мегузорем. Зимнан бояд бигӯям, ки барои омода намудани сандуқ ҳама маҳсулоти зарурӣ: чӯб, мех, лак, чарм ширеш ва дигар лавозимотро харидорӣ мекунем. Ба ҳамагон маълум ҳаст, ки ҳар сол нархи ҳама гуна маҳсулот гарон мешавад. Намедонам аз чи бошад, ки нархи сандуқ қариб ки тағйир намеёбад. Аз замоне, ки худамро ёд дорам нархи сандуқ тағйир наёфтааст”, – хандакунон бо шухӣ қисса кард қаҳрамони мо

Агар гӯем кори сандуқсозӣ мавсимӣ аст хато намекунем, зеро ба гуфтаи қаҳрамони мо дар ҳама фасли сол тиҷорати хуб нест. Масалан аз моҳи ноябр то моҳи оғози моҳи апрел, фармоишҳо хеле суст мешаванд.

Таъсири манфии коронавирус

Пеш аз хуруҷи вируси COVID -19 фаъолияти сандуқсозон хело хуб буд. Тоҷирону сандуқфурӯшон аз ҳама шаҳру ноҳияҳои атроф Ҳисор, Турсунзода, Душанбе, Ваҳдат, Шаҳринав, Тоҷикобод, Файзобод ва баъзан аз вилоятҳо, ҳатто аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон занг зада дархости сандуқҳои гуногун мекардаанд.

 

Ҳунар беҳтар аз ганҷ. Акбаралӣ дигар ба муҳоҷират рафтан намехоҳад, чун дар ватан кори доимӣ ёфт

“Мо ҳам дар фурсати кӯтоҳ фармоиши онҳоро иҷро мекардем ва саривақт фармоишашонро ба онҳо мефиристодем. Ҳадди ақал сандуқфурӯшон 10-12 баъзан аз он ҳам бештар супориш медоданд. Илова бар ин боз 5-6 шогирд барои саривақт омода кардани фармоишҳо мегирифтем. Онҳо ҳам кор меомӯхтанд ва ҳам маош мегирифтанд”,- мегӯяд усто.

Аммо дар давраи пандемия усто маҷбур шуд, ки шогирдонашро мураххас кунад, зеро фармоиш хеле кам шуд. Ҳатто дар пардохти иҷораи бино, андозу патент, пули барқу дигар хизматрасониҳои комуналӣ усто Акбаралӣ танқисӣ мекашид.

“Харҷҳои корхона ва зиндагии худамонро бо мушкилӣ ба даст меовардем. Худоро шукр як – ду моҳи охир фаъолият рӯ ба рушд аст. Ҳоло боз ман ду шогирдамро аз нав ба кор гирифтам. Бо гум шудани бемории мармузи Ковид-19 умед дорем, ки кори мо низ хубтар мегардад. Аз пеш гармӣ, яъне мавсими нави корӣ. Худо хоҳад фаъолияти мо низ густариш меёбад”, – мегӯяд усто Акбаралӣ.

“Дар чеҳраи ҳар ҷавони бекор ҷавонии худамро мебинам”

Усто Акбаралӣ чунин ақида дорад, ки ҳеҷ кас аз модараш доно ва соҳибҳунар таваллуд намешавад. Касб ё илмро аз устоде меомӯзем ва муаззафем, ки шогирд омода карда ба хидмати халқ равон кунем.

“Ягона кори неке, ки аз дасти ҳар инсон меояд ба касе чизе омӯзонидан аст” – мегӯяд ӯ.

То имрӯз Акбаралӣ зиёда аз 20 шогирдро тарбия карда соҳиби ҳунар намудааст. Ӯ намехоҳад, ки насли ҷавон ба Русия рафта, аз маҷбурӣ ба ҳар гуна корҳои тоқатфарсо машғул шаванд. Усто низ дар пайравии устодаш ҳар ҷавони хоҳишмандро ба шогирдӣ қабул намуда, ба онҳо кор медиҳаду муздашонро пардохт мекунад.

Ҳунар беҳтар аз ганҷ. Акбаралӣ дигар ба муҳоҷират рафтан намехоҳад, чун дар ватан кори доимӣ ёфт

“Дар чеҳраи ҳар ҷавони бекор ҷавонии худамро мебинам. Намехоҳам, ки онҳо низ мисли ман азоби муҳоҷириро бинанд. Ҳар ҷавоне муроҷиат кунад, қабулаш мекунам. Баъзе фармоишҳоро ба онҳо месупорам, то ки ба касб дилашон гарм шавад. Алакай 4 шогирдам дӯконҳои алоҳидаи худро доранду, ризқашонро аз ин кор меёбанд”, – бо фахр мегӯяд усто Акбаралӣ.

Дар баробари сандуқсозӣ вобаста ба фармоиши харидорон усто Акбаралӣ гаҳвора ва ҷевонҳои гуногун низ месозад. Маҳсули дасти ӯ дар чандин намоишҳои ҳунарҳои миллӣ дар шаҳри Ҳисор ва берун аз он ба намоиш гузошта шудааст. Ӯ шукргузор аз он аст, ки аз ҳисоби меҳнати дасти худаш зиндагиашро пеш мебарад.

Исмоилҷон Маликов, Садриддин Толибов барои Your.tj

Сообщение Ҳунар беҳтар аз ганҷ. Акбаралӣ дигар ба муҳоҷират рафтан намехоҳад, чун дар ватан кори доимӣ ёфт появились сначала на YOUR.

Мо дар Telegram