«Ҳосили умр» — рамзи ифтихор аз касб

hosili umrБа ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик маҷмӯаи мақолаи собиқадори матбуот ва телевизиони тоҷик Ӯлмасой Мухторова зери унвони «Ҳосили умр» ба табъ расид.

Китоби мазкур фарогири маҷмӯаи мақолаҳои рӯзноманигори хушсалиқа ва бомаҳорат Ӯлмасой Мухторова аст, ки дар солҳои гуногун иншо шуда, тавассути расонаҳои бонуфузи замон интишор ёфтаанд. Имрӯз ҳар яке аз онҳо саҳифаи рангини таърихро мемонанд, ки ҷолиби диққатанд.

Шоистаи зикр аст, ки Мухторова Ӯлмасой 6 январи соли 1933 дар гузари Ҳавзи Баланди шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Соли 1954 мактаби миёнаи духтаронаи №10 шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) ба номи Садриддин Айниро бо медали тилло хатм кардааст. Солҳои 1954-1959 дар факултети таъриху филологияи Универститети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳсил намудааст.

Аз соли 1967 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва СССР буда, хизматҳои арзандааш бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ қадр карда шудааст.

muxtorova uӮлмасой Мухторова дар фаъолияти журналистиаш қариб 30 сол чун муҳаррири шӯъбаи адабӣ-драмавии Радиои Тоҷикистон (солҳои 1959-64), муҳаррири калони шӯъбаи занони Идораи радиошунавонӣ, котиби масъули рӯзномаи бисёртиражаи Университети давлатии Тоҷикистон «Ба куллаҳои дониш» (солҳои 1964-78), котиби масъули маҷаллаи «Мактаби Советӣ» (ҳоло «Маърифат», солҳои 1978-86) адои вазифа намудааст. Муаллифи нахустин радиомаҷаллаи “Чашмаи ҳаёт” мебошад, ки зиёда аз 6 сол онро гардон намудааст. Очерку мақолаҳояш аз ҳаёти занони Тоҷикистон дар рӯзномаҳои «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»), «Маориф ва маданият» (ҳоло «Омӯзгор» ва «Адабиёт ва санъат») ва дар маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» (ҳоло «Фирӯза») мунтазам чоп мешуданд.

Номи ӯ дар саҳифаҳои таърихи телевизиони тоҷик ҳамчун аввалин мутахассисоне, ки маълумоти олии филологӣ доштанду ба кор даъват шудаанд, сабт гардидааст. Аз шумораи нахустин кормандони телевизиони тоҷик аст, ки инро барои худ боиси ифтихору сарфарозӣ медонад.

Дар китоби энсиклопедии “Аслҳо ва наслҳо” — зиндагиномаи аввалин самарқандиёни солҳои 20-30 асри ХХ аз шаҳри Самарқанд ба Сталинобод (Душанбе) омада барои ӯ низ саҳифаи алоҳидае чун рӯзноманигори тавонои замони хеш бахшида шудааст. Хоҳарзодаи Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Фазлиддин Муҳаммадиев мебошад.

Бону Носирова,
корманди Вазорати фарҳанг

Мо дар Telegram