Ҳолати Марде, ки оилаашро оташ задани буд.

Ҳолати Марде, ки оилаашро оташ задани буд.
МО ДАР TELEGRAM

Санаи 16 апрели соли ҷорӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук муроҷиати видеоии як нафар марди тахминан 40-45 сола пахш гардида, номбурда дар он аз мавриди таҳдид ба шиканҷа қарор гирифтанаш аз ҷониби кормандони милитсия шикоят намудааст.

Бо мақсади санҷиши ваҷҳҳои дар навор инъикосгардида мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе сафарбар гардида, дар натиҷа муайян карда шуд, ки номбурда шаҳрванд Шоназаров Мансур Фузайлович соли таваллудаш 28.01.1976, истиқоматкунандаи деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб буда, дорои бемории руҳӣ аст.

Номбурда дар қайди Муассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ» қарор дошта, пайваста бо ташхиси «Ихтилоли ғашёнии шахсият бо пайдошавии хуруҷҳои ғашёнӣ» дар Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ дар ноҳияи Рудакӣ бистарӣ ва табобат мегирифтааст.

Шоназаров Мансур Фузайлович соли таваллудаш 28.01.1976

Ҳолати бемории равонии шаҳрванд Шоназаровро пайвандону наздикон, аз ҷумла ҳамсару фарзандонаш низ тасдиқ намуда, иброз доштаанд, ки ҳолати сабти навор ва пахши он дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук зимни хуруҷи навбатӣ ва ангезаҳои бемории равонӣ дар шаҳрванд Шоназаров Мансур ба вуқуъ омадааст.

Дар натиҷа ҷиҳати ба табобат фаро гирифтан номбурда ба Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ дар ноҳияи Рудакӣ дастрас ва бистарӣ карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Баҳогузорӣ кунед