ҲАМКОРИИ КАФЕДРАИ ОМОДАГИИ КАСБӢ ВА ҶИСМОНИИ ФАКУЛТЕТИ № 4 БО ҚИСМИ ҲАРБИИ 3501

1624

Бо мақсади боз ҳам уствортар гардонидани алоқамандии назария бо амалия ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе бо ташаббуси роҳбарияти факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии командири қисми ҳарбии 3501 РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ якҷоя бо кафедраи фанҳои ҳарбӣ хизматӣ гузаронидани машғулиятҳои таълимиро дар қисми ҳарбии 3501 РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд, ки ин яке аз унсурҳои омодасозии мутахассисони баландихтисоси мақомоти корҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Имрӯзҳо ташкили раванди таълим, барои тайёр намудани мутахасисони соҳаҳои ҳарбӣ ва низомӣ бояд ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад. Донишҳои назариявӣ якҷоя бо фаъолияти амалии ҳаррӯзаи кормандони МКД ва хизматчиёни ҳарбии Раёсати қӯшунҳои дохилӣ баҳри такмил додани савияи дониши назариявӣ ва амалии курсантон саҳми арзанда мегузорад. Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабини идона бахшида ба ифтихори 28- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кардаанд, ки дар шароити имрӯза тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ — аз сарбози қаторӣ то афсарони баландрутба вазифадоранд, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро ба ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва хизмати содиқона ба манфиати халқу ватан сафарбар созанд.
Аз ин лиҳоз, аз тарафи роҳбарияти факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Вобаста ба ин гуфтаҳо санаи 13.03.2021 баҳри иҷроиши нақшаи машғулиятҳои таълимӣ курсантони гурӯҳи қӯшунҳои дохилиро бо роҳбарии муаллимони кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ, инчунин муаллимони кафедраи фанҳои ҳарбӣ- хизматӣ ба қисми ҳарбии 3501 РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани машғулияти амалӣ сафарбар карда шуд. Дар машғулияти амалӣ муаллими калони кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ подполковники милитсия Исмоилзода О.Н., ва муаллими калони кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани милитсия Сайфиддинзода С.А., доир ба мавзӯи «Таъинот, қисмҳои асосӣ ва хусусиятҳои техники норинҷакандози дастии зиддитанкӣ (РПГ-7в) ва тартиби истифодабарии он» «Таъинот, қисмҳои асосӣ ва хусусиятҳои техникии милтиқи мергании Драгунов, -тартиби ба қисмҳои пурра ва нопурра ҷудо ва пайваст намудан, -тарзҳои оташкушоӣ аз милтиқи мергании Драгунов» ба курсантон фаҳмонида дода шуд. Ҳамзамон дар ин машғулияти амалӣ курсантон аз наздик бо тарзу кори ҳар як қисму механизимҳои норинҷакандози дастии зиддитанкӣ (РПГ-7в), милтиқи мергании Драгунов, тартиби нигоҳдории онҳо дар ҷойҳои муайяншуда, шинос шуданд ва онҳо амалан силоҳро ба қисмҳои нопурра ҷудо ва пайваст намуда маҳорати худро сайқал доданд.
Дар раванди машғулияти амалӣ байни курсантон ва мутахассисони ин соҳа саволу ҷавоб сурат гирифт, ки дар он курсантон, милитсияҳои қаторӣ Ҳамидов А., Сангинов И., Салоҳидини А., Исломов Ф., ва Раҳматшоев И,. фаъолона иштирок намуданд.
Ташкил ва гузаронидани ин машғулият барои курсантон хеле хотирмон гузашт, зеро онҳо ба саволҳои пешниҳод намудаи худ оид ба мавзӯи пешбинишуда ҷавобҳои мушаххас гирифта, ҳамаи онҳо аз иштрок ба ин машғулияти амалӣ хеле қаноатмад гардиданд. Омӯхтани ҳамаи намуди силоҳҳо ба курсантон имконият медиҳад, ки дар оянда дар замони осоишта ва ҷанг аз вазифаҳои ба зиммаашон гузошта шударо ба пуррагӣ иҷро намоянд. Зеро барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, хизматчиёни ҳарбӣ донистан ва омӯхтани намудҳои силоҳ ва ҳолатҳои истифодаи силоҳҳои оташфишон шарт ва зарур мебошад.

Сайфиддинзода Султонхон-
муаллими калони кафедраи
омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ,
капитани милитсия

Мо дар Telegram