Ҳамкориҳои байналмилалии амнияти иттилоотӣ: дурнамо ва проблемаҳои глобалиии он

1047Ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз бе иттилоот ва технологиҳои коммуникатсионӣ (ТИК) тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳар рӯз ба фазои маҷозӣ миллиард ва аз он ҳам зиёд иттилоот ворид шуда ,коркард мегардад, ки аксари он ғалат (фейк) мебошанд. Шабакаҳои иттилоотӣ ва ВОА — хориҷӣ ба ҷои густариш ва ҳамбастагӣ бо ҳадафҳои геополитикӣ ба майдони набардҳои иттилоотӣ ворид шуда, вазъи кишвархо ва ҷомеаҳоро ноором менамоянд. Кишварҳои Ғарб ва як қатор кишварҳои Осиё, аз қабили Хитой, Япония, Сингапур, Малайзия, Кореяи ҷанубӣ, Австралия, Зеландияи Нав низ ба ҷомеаи технологӣ ворид гаштаанд. Мутаасифона ҳамкории байналмилалӣ дар ин соҳа чун проблемаи актуалӣ боқӣ мондааст ва хусусияти сиёсӣ-геополитикӣ касб намудааст. Аз ҷониби Россия ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, алахусус ба ИМА ин ҳамкориҳо соли 2020 пешниҳод гаштанд, вале ҷавоби мусбии худро наёфтанд. Муҳаққиқони Россия Стрелтсов А. ва Смирнов А менависнд: «Робитаҳои Россия бо ИМА соли 2009 гарм шуданд, соли 2013 изҳороти эътимоди тарафайн ба вуҷуд омад, вале зуд бо интихобти соли 2016 дар ИМА аз байн рафт» (1.72-81).

Соли 1983 Агентии амнияти компютерии Вазорати мудофиаи ИМА меъёрҳҳои баҳодиҳии хифзи боэътимоди ситемаҳоро бо номи TCSEC қабул намуд, ки маҷозан номи Китоби норинҷиро гирифт.Баъдан аз рӯи муқова он бо номи Китоби сурх нашр гардид.Соли 1990 Агентии амнияти иттилоотии Олмон Китоби сабзро чоп кард, ки аз чониби Олмон, Англия, Франтсия, Голландия тасдиқ гардид,ки бо як қатор тағйирот номи Китоби сафед (ITSEC)-ро гирифт. Канада лоиҳаи CTCPEC ва ИМА COMMOU CNTERIA-ро қабул намуд, ки дорои 7- дараҷаи ҳимоятӣ буд. Қонуни ИМА Дар бори амнияти иттилоотӣ» (Computer Security Act of 1987, Public Law 100-235 (H.R. 145), January 8, 1988) соли 1988 қабул гардид. Соли 2001 аз ҷониби палатаи намояндагони Конгресси ИМА лоиҳаи Қонуни «Computer Security Enhancement Act of 2001 (H.R. 1259 RFS)» тасдик гардид. Соли 2015 Стратегияи амнияти киберӣ дар ИМА қабул гардид.Дар Олмон Қонуни «Ҳимояи маълумотҳо» соли 1990 қабул гардида, соли 1999 таҳрир гардид.Дар Британияи Кабир стандартҳои волонтёрии BS7799 чорӣ гашт.Соли 2009 дар шаҳри Ектаринобурги Россия давлатҳои аъзои СҲШ Созишномаи хамкории байналмилалиро дар соҳаи амнияти иттилоотӣ имзо намуданд. Соли 2011 Н.Патрушев бунёди Консепсияи универсалии амнияти итилооти байналмилалиро пешниҳод намуд.Дар давлатҳои ИДМ, аз ҷумла Россия ва Тоҷикистон маҷмӯи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар ин самт қабул гардиданд. Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Россия ва Хитой ба Созишномаи ҳамкории тарафайни амнияти иттилоотӣ имзо гузоштанд.
Муҳаққиқ Бойко С. менависад: «Давлатҳои СҲШ 15 июни соли 2006 изҳорот дар бора амнияти иттилоотиро кабул намуданд,ки аз самтҳои зерин иборат аст:
— гузаронидани чорабиниҳои муштарак дар самти амнияти иттилоотӣ;
-бунёди системаи мониторинги таҳдидҳои киберӣ;
-таҳияи меъёрҳои байналмилалии маҳдуднамоии яроқи иттилоотӣ;
-муқовимати муштарак бо таҳдидхои технологияхои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ (ТИК);
-мусоидат барои кори муътадил ва бемамонияти Интернет;
— гузаронидани чорабиниҳои боварӣ ва эътимод дар самти амнияти иттилоотӣ;
— табодули таҷриба, гузаронидани чорабиниҳои илмӣ, семинарҳо,омӯзишҳо ва ғ.»(2.С.6-12).
Собиқ Президенти ИМА Д.Эйзенхауэр дар солҳои 50-уми асри 20 изҳор намуда буд: « Бисёриҳо фикр мекунанд, ки иттилоот ин тарғибот аст, мисли радиои Садои Амрико, амалан тарғибот як қисми хурди набарди иттилоотӣ аст»(3.С.57-58).
Принсипҳои асосии паҳншавии иттилоотро дипломати америкоӣ У. Б.Макомбер пешниҳод намудааст:
1.Оҷилӣ,саривақтӣ,зуд пешниҳод намудани иттилоот;
2.Риояи дақкиқ дар ҷамъи иттилоот, коркард, пешниҳод ва истифодаи маълумот;
3.Ҷамъ ва ҷудокунии иттилоот, ҳатто агар ба ходиса ва ҳолати корӣ рабт надошта бошад ҳам;
4.Мулоимии иттилоот, ки онро дар ҳолатҳои гуногун истифода бурдан имконпазир гардад.
Ин намудҳои иттилоотро У. Б.Макомбер дар фаъолияти дипломатӣ ва кор дар Департаменти давлатии ИМА ба таври васеъ истифода мебурд ва яке аз асосгузорони Академияи дипломатии ИМА буд.
Муҳаққиқ Рудов Г. А. 2-намуди сиёсати иттилооти хориҷиро муайн намуд:
1.Барномахои махсуси сигналҳои дипломатӣ ба воситаи ахбори омма;
2.Барномахои рақамии Дипломатияи оммавӣ(4.С.271).
Аз рӯи акидаи Карпович О.Г. « Ҳоло ҳам дар ИМА мақомоти ягонаи масъули гузаронидани амалиётҳои иттилоотӣ-психологӣ мавҷуд нест, ки ин аз таҷрибаи Афғонистон ва Ироқ бармеояд»(5.С.112-126).
Имрӯз дар ҷаҳон сегонаи фаъол дар соҳаи рушди технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) ИМА, Хитой, Олмон қарор доранд.Аз ҷиҳати паҳн намудани патенти ТИК давлатҳои пешқадам ИМА,Хито й ва Япония мебошанд. Аз рӯи сармоягузорӣ дар се ҷои аввал ИМА, Хитой,Британия Кабир қарор доранд.Махсусан солҳои охир дар савдои электроникаи ҷаҳонӣ 10 %-ро ҳиссаи Хитой ташкил медиҳад.Хитой аз рӯи тадкиқотҳои охир то соли 2025 бояд ба Фабрикаи чаҳонии иттилооту технология ва Лабораторияи саёравӣ дар ин самт табдил ёбад.Хитой барои амалигардонии ин лоиҳа беш аз 300 миллиард доллар ҷудо намудааст.То соли 2030 Хитой аз рӯи барномахои худ бояд ба сарвари ҷаҳонии ТИК табдил ёбад ва ИМА-ро дар рақобат берун намояд.
Дар ҷавоби ассиметрӣ ба ин лоиҳахо дар ИМА соли 2010 Қушуни киберӣ (USCYBERCOM) таъсис ёфт, августи соли 2017 он сохтори мустақили ҳарбӣ гардид, ки 6200 корманд ва 133 ҷузъу томҳои гуногун дорад. Артиши киберӣ охир соли 2018 пурра ба фаъолият пардохт.Платформаи мутаҳидаион UNITED PLATFORM мебошад. Ҷавобан ба ин Ситоди Генералии Артиши Кореяи Шимолӣ дар бораи таъсиси Артиши киберӣ,соли 2015 Хитой ва соли 2013 Россия дар бораи таъсиси чунин сохторҳо изҳорот доданд.Соли 2018 Стратегияи миллии мудофиаи ИМА кабул гардид, ки дар оянда бояд ИМА дар самти ТИК бояд афзалият дошта бошад.Танҳо соли 2017 ба объектҳои Россия 70 миллион ҳуҷумхои харобовари киберӣ гузаронида шуд.Ҳар сол аз ҷиноятҳои хусусияти киберӣ дошта давлатҳои ҷахон то 1,5 триллион зарари иқтисодӣ мебинанд, ки ин давлатҳоро водор месозад,ки дар ин самт ҳамкории густурда дошта бошанд.Вазъи ногувори рақобат дар ТИК байни давлатҳо, набудани Ахдномаи байналмилалӣ дар ин соҳа давлатҳоро ба сӯи хатарҳои нав тела медиҳад.Ҷаҳон аз шакли классикии муборизаи радиоэлекторонӣ ба пойгоҳи муборизаҳои иттилоотӣ-коммуникатсонӣ ворид гашатааст, ки ба амнияти давлатҳо ва ҳатто сайёра таҳдид менамояд.Шояд ин хаёлот ( фантастика) намояд ва бо эхтимолияти камтарин хатари дастрасии ғайрисанксионӣ ба проблемаи №1-и сатҳи ҷаҳонӣ- рамзҳои мушакҳои баллистикии дорои заряди ядроӣ оварда расониданашон мумкин аст.
Россия соли 2020 яроқхои таъиноти стратегиашро ба ба технологияи нави рақамӣ гузаронид. Давлатҳои ИДМ, СААД низ дар заминаи таҷрибаи технологияҳои иттилоотӣ-комммуникатсионии Хитой ва Россия меъёрҳои ҳифзи иттилоотӣ- мудофивии худро доро мебошанд.

Асламов Б.,Рустамзода З.

Адабиёт:
1. Стрельцов А., Смирнов А.Российско-американское сотрудничество в области международной информационной безопасности: предложения по приоритетным направлениям//Международная жизнь, ноябрь 2017.
2. Бойко С. Проблемы международной информационной безопасности на площадках ШОС и БРИКС.//Международная жизнь, ноябрь 2017.
3. Мирошников С.Н. Перестройка администрации Д.Эйзенхуэра.//Вестник Томский Госуниверситет. История,2014,№4(30).
4. Цветкова Н.А.Публичная дипломатия США. М.,2013.
5. Карпович О.Г.Практика ведения США операции информационной войны в сфере внешней политики.//Национальная безопасность,№1,2017.

Мо дар Telegram