“Ҳамааш айби нос”. Сабаби бархӯрди автобус ба 7 такси дар Душанбе маълум шуд

Somon Air парвозҳои мунтазамро ба Деҳлӣ аз сар мегирад

Ширкати ҳавонавардии Somon Air парвозҳои мунтазамро дар масири ҳавоии Душанбе – Деҳлӣ – Душанбе аз сар мегирад. Дар ин бора дафтари матбуотии ин ширкат хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, парвозҳо аз Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе сурат мегиранд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 21:30, аз Деҳлӣ 02:00 ба вақти маҳаллӣ муайян шудааст.

Интизор меравад, нахустин парвоз рӯзи 9 апрел анҷом шавад.

Гуфта мешавад, ба мусофироне, ки пурра ваксинаҳоро гирифтаанд, барои сабти ном дар парвозҳои ширкати Somon Air аз Душанбе ба Деҳлӣ пешниҳоди шаҳодатномаи эмгузаронии пурра бо забони англисӣ кофист.

Сабаби бархӯрди автобус ба 7 такси дар Душанбе маълум шуд

Сабаби садамаи нақлиёт, ки дар он рӯзи 2 апрел автобус ба 7 автомашинаи такси бархӯрд, маълум шуд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд, “маълум шудааст, ки ронанда сари чанбараки автобус хобаш бурдааст”.

Ба иттилои манбаъ, ташхиси хуни ронанда дар мавриди мавҷуд будани машрубот ва маводи нашъаовар дар он натиҷаи манфӣ додаааст. Дар Раёсат зикр карданд, ки ронанда дар моҳи шарифи Рамазон рӯза гирифтааст.

“Ронанда носкаш буда, дар вақти рӯзадорӣ аз истеъмоли он даст кашидааст. Шояд бо ҳамин сабаб ё аз камхобӣ ӯ сари чанбарак хобаш бурдааст. Чун касе осеб надид, ӯ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб мешавад. Лекин тафтишот идома дошта, моддаи дақиқи ҷавобгарӣ баъдан маълум мешавад”, – гуфтанд дар Раёсат.

Боздошти сартабиби бемористони Горди миллии Тоҷикистон барои “порагирӣ”

Сардори қисми тиббии Бемористони ҳарбии Гвардияи миллии Тоҷикистон ба иттиҳоми гирифтани пора аз сӯи Оҷонсии мубориза бо фасод боздошт шудааст.

Оҷонсии мубориза бо фасод рӯзи 4-уми апрел хабар дод, ки Маҳмадӣ Охунов аз як шаҳрванд барои “ноқобил донистани ба хизмати ҳарбӣ”, 25 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Ба иттилои манбаъ, кормандони Оҷонсӣ дар пайи як амалиёт, дар утоқи ултрасадои бинои Шифохонаи ҳарбӣ ӯро баъди гирифтани 23 ҳазор сомонӣ боздошт карданд.

Дар хабари Оҷонсии мубориза зидди фасод таърихи боздошти ин афсари Гвардияи миллӣ зикр нашудааст. Аммо ба иттилои манбаъ, дар нисбати Маҳмадӣ Охунов бар асоси моддаи 32-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шуда, баъди таҳқиқ ба додгоҳ фиристода шудааст.

Ба Маскав бо $200. Ширкати “Сибир” парвозҳояшро аз Тоҷикистон барқарор кард

Ширкати ҳавопаймоии «Сибирь» (S7 Airlines)-и Русия парвозҳоро аз Тоҷикистон ва бозпас ба Тоҷикистон барқарор намуд. Парвози аввал пас аз таваққуф бо хатсайри Хуҷанд-Маскав-Хуҷанд рӯзи 3 апрел анҷом дода шуд. Билетҳо бо нархи аз 2 ҳазору 491 сомонӣ (190 доллар) фурӯхта мешаванд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз намояндагии ширкати “Сибирь” дар Тоҷикистон.

Мувофиқи маълумоти сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоии “Сибирь”, билетҳо ба хатсайри Хуҷанд-Маскав аз 2 ҳазору 450 сомонӣ то 2 ҳазору 690 сомонӣ (аз 188 то 207 доллар) ва бозпас аз он ҷо 1 ҳазору 120 сомонӣ (86 доллар) нарх доранд. Арзиши билетҳо ба хатсайри Хуҷанд-Новосибирск 4 ҳазору 120 сомонӣ (317 доллар), Бохтар-Новосибирск – 4 ҳазору 412 сомонӣ (340 доллар) ва Душанбе-Новосибирск – 4 ҳазору 327 сомонӣ (333 доллар) зикр шудааст.

Ягона медалро ба Тоҷикистон аз “Тоскулоҳи бузурги Анталия-2022” Темур Раҳимов овард

Темур Раҳимов, паҳлавони шинохта дар мусобиқаи ҷудои “Тоскулоҳи бузурги Анталия-2022” ва ё “Antalya Grand Slam 2022” медали биринҷӣ ва ягонаро ба Тоҷикистон овард.

Ин мусобиқа 1-3 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия бо иштироки 525 варзишгар (312 мард, 213 зан) аз 63 давлати дунё баргузор шуд.

Темур Раҳимов дар вазни +100кг мусобиқаро аз даври дуюм шуруъ карда, бар Григорий Приор аз ШМА ва Магамедумар Магамедумаров аз АМА пирӯз шуд, вале дар чорякфинал аз намояндаи Венгрия Ричард Сипоз мағлуб гардид.

Ин паҳлавони тоҷик сипас дар қувваозмоии тасаллибахш Ушангӣ Кокаурии озарбойҷонӣ ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Ҷозеф Терҳеки фаронсавиро шикаст дод.

Варзишгари дигарамон Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ҷои ҳафтумро гирифт. Дигар варзишгаронамон дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон мағлуб гардиданд.

Сообщение “Ҳамааш айби нос”. Сабаби бархӯрди автобус ба 7 такси дар Душанбе маълум шуд появились сначала на YOUR.

Мо дар Telegram