Ҳалокати як сокини Ваҳдат ҳангоми чаронидани чорво. КҲФ ҳушдор медиҳад: хавфи тармаву сангрезиш боқӣ мондааст!

Ҳалокати як сокини Ваҳдат ҳангоми чаронидани чорво. КҲФ ҳушдор медиҳад: хавфи тармаву сангрезиш боқӣ мондааст!

Як сокини 26-солаи деҳаи Чӯянгарони ҷамоати деҳоти Чуянгарони шаҳри Ваҳдат ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳи кӯҳии деҳаи Ёси ҷамоати деҳоти Рамит ба ҳалокат расидааст.  Ин дар ҳолест, ки тайи чанд рӯзи охир Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинод ба Агентии ҳавошиносии кишвар ҳушдор медиҳад, ки ҳавои ин шабу рӯз аз он ҳавое нест, ки кас майли чорвочарониву ҳезумчинӣ кунад. Вале мутаассифона, шаҳрвандон ҳамано беэътиноӣ мекунанд ва ҳаёти худу атрофиёнашонро ба хатар мегузоранд.  

Бориши зиёд дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон ва гарм шудани рӯзҳои ахир дар як қатор минтақаҳои кишварамон боиси лағзиши тарма ва сангрезӣ шудааст. Вазъ дар шоҳроҳҳои Душанбе-Рашт-Лахш, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Ишкошим шадид боқӣ мондааст.

Чунончӣ, дар давоми рӯзи гузашта, дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар километрҳои 104, 156 ва 158-и роҳи Душанбе-Хуҷанд, дар 620-километраи роҳи Хоруғ-Мурғоби ноҳияи Шуғнони ВМКБ, инчунин дар километри 468-уми роҳи Душанбе-Кӯлоб ҳолатҳои лағзиши, ба қайд гирифта шуданд. Дар роҳи Хоруғ-Қулма дар минтақаи Ванҷи ВМКБ сангрезӣ сабт шуд. Офатҳои табиӣ боиси муваққатан бастани роҳҳо шуданд.

Бо талоши кормандон ва техникаи махсуси Вазорати нақлиёт ва хадамоти роҳи “IRS” барои аз миён бурдани паёмадҳои ин офатҳо тадбирҳо андешида мешаванд. Дар айни замон роҳи мошингарди Хоруғ-Мурғоб муваққатан баста мебошад.  

Барои таъмини амнияти ронандагон дар шоҳроҳ ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, қитъаҳои гуногуни роҳҳо мунтазам аз ҷониби наҷотдиҳандагони гурӯҳҳои вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон посбонӣ карда мешаванд. Ин чораҳо дар давраи хатари садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо аз тарма ва сангрезаҳо заруранд.

 Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар то охири моҳи  марти соли равон ҳаво дар саросари Тоҷикистон ҳамин гуна бориниву тағйирёбанда боқӣ мемонад. 

Боронҳои шадид дар минтақаҳои кӯҳӣ метавонанд сабаби лағзишу рониши замин шаванд. Ин боронҳо сабабгори болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, обанборҳо шуда, соҳилҳоро шӯянд ва ба хоҷагиҳои деҳқониву манзилҳои зисти мардум зарар расонанд.  

 Бо мақсади пешгирии садамаҳо аз вазиши шамол, КҲФ тавсия медиҳад, ки мошинҳоро дар зери дарахтон, сутунҳои таблиғотӣ ва дигар иншоот нагузоред. Ҳангоми ҳаракат аз зери шабакаҳои интиқоли барқ хеле эҳтиёткор бошед.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя кунанд, аз чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ, сайругашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум, занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар минтақа мерӯянд, худдорӣ кунанд.

Ҳангоми рух додани ҳодисаҳои фавқулодда дар ин ё он роҳ шаҳрвандон метаовнанд ба телефонҳои  93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11ба Қисми навбатдории КҲФ муроҷиат намоянд.

барчасп: 
Мо дар Telegram