Ҳайати тими мунтахаб бо Муғулистон муайян шуд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол имрӯзҳо омодагӣ барои бозии даври интихобӣ ба бозии Ҷоми Ҷаҳон — 2022 дар Қатар мебинанд. Усмон Тошев мураббии даста ҳайати дастаро муайян намудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти ФФ. Ба руйхат 24 нафар футболбозон шомил шуданд.

Дар гурӯҳи Тоҷикистон боз тимҳои Ҷопон, Қирғизистон, Мянма мебошанд. Тоҷикистон то имрӯз 7 имтиёз бо ду ғалаба, ду бохт ва 1 мусовӣ ба даст овардааст. 

Ёдовар мешавем, ки минбаъд дар бозиҳои дар Тоҷикистон баргузор мегардида то 10 000 тамошобин бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пушидани ниқоби тиббӣ иҷозат дода шудааст.

Мо дар Telegram