Ҳайати кормандони Ҳукумати Душанбе зиёд мегардад

Тағйиротҳои нав дар бораи ҳайати кормандони дастгоҳи иҷроияи Ҳукумати шаҳри Душанбе ворид карда шуд. Қарори мазкурро Президенти Ҷуумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо намуданд.

Дар қарор гуфта мешавад, ки шумораи кормандони дастгоҳи иҷроияи ҳукумат ба 89 нафар ва шумораи умумии кормандони шаҳрдорӣ ба 213 нафар муқаррар гардад.

Аз ин лиҳоз имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе озмун барои ҷалби мутахассисони ҷавон ва болаёқат давом дорад. Барои пур намудани 15 вазифаҳо довталабон ҳуҷҷатҳои худро аз рӯи ихтисосҳои, ҳуқуқшинос, кор бо сармоягузорон, бо ВАО, сайёҳи ва ғайра фиристода истодаанд. Музди меҳнат дар ин вазифаҳо аз 80 сомонӣ (70$) 1300 (114,5$) Натиҷаи озмун дар аввали моҳи март муайян мегардад.
Мо дар Telegram